Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили сокинон аз баста шудани марзи Узбакистон


Азизҷон Мақсудов – сокини ноҳияи Исфара аз ҷумлаи он нафаронест, ки баста шудани марз бо Узбакистон ӯро дучори мушкили сахт кардааст. Вай мегӯяд, мехоҳад бо роҳи тронзитии Узбакистон автомобили сабукрави дар Қазоқистон харидаашро ба Тоҷикистон орад, аммо роҳ баставу ӯ сарсон аст.

Ба гуфтаи шоҳидони ҳол, ба мисли Азизҷон шаҳрвандони зиёди Тоҷикистону Узбакистон дар гузаргоҳи марзии Мастчоҳ, мавсум ба Плотина ё Сарбанд чанд рӯз инҷониб мунтазири боз шудани роҳ ҳастанд, то ин ки ба хотири дидор бо пайвандон ва ё дигар муҳимоти худ вориди қаламрави кишварҳои якдигар шаванд. Бархе аз онҳо визаи Узбакистон доранд, аммо бо ин вуҷуд ба қаламрави он кишвар роҳ намеёбанд.

Мусоҳиби дигари Радиои Озодӣ аз шаҳри Конибодом гуфт, ба ҳамин гуна мушкил шаҳрвандони Узбакистон аз ноҳияи Бешариқи ин кишвар, ки барои дарёфти рӯзӣ ба ноҳияи ҳаммарзи Конибодом мегузаранд, низ мувоҷеҳ шудаанд.

Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, Узбакистон аз рӯзи 27 – уми ноябр ба ин сӯ ба сурати якҷониба барои муваққат марзашро бо Тоҷикистон бастааст. Ба гуфтаи сокинони манотиқи наздимарзӣ, Узбакистон гузаргоҳҳои сарҳадиашро ба сурати якҷониба аз рӯзи 24 – уми ноябр то кунун қуфл задааст. Хушнуд Раҳматуллоев – сухангӯи сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ дарКумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вале давлати Узбакистон ҳанӯз сабаби аслии ин иқдоми худро ба Тоҷикистон шарҳ надодааст. Вай афзуд, ки дар ҳоли бастагии марз танҳо кормандони дипломатӣ, афроди дорои шаҳрвандии Русия ва шаҳрвандони Тоҷикистон ба қасди тарки Узбакистон ба сурати истисно иҷозаи аз гузаргоҳи марзии ин кишвар гузар доранд.

Миродил Абдураззоқов – консули Узбакистон дар Душанбе мегӯяд, ки дар бораи сабаби баста шудани марзи кишвараш бо Тоҷикистон наметавонад ҳарфи наве бияфзояд . М. Абдураззоқов афзуд, ки консулгарии Узбакистон кори худро ба сурати муқаррарӣ идома ва барои хоҳишмандон визаи кишварашро пешниҳод мекунад.

Дар ҳоле ки ин гузориш омода мешуд, Давлат Назрӣ - сарвари бахши иттилоъоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар дод, ки Узбакистон то ҳол дар мавриди бастани марзҳояш ҷониби Тоҷикистонро дар ҷараён нагузоштааст ва ҳамчунин сабаби ин иқдоми худро маълум накардааст.

Узбакистон маъмулан дар арафаи ҳар ҷашни миллӣ ва ё дигар маросимҳои муҳими сиёсии худ то баргузории онҳо ҳамин тавр гузаргоҳҳои марзии худро бар рӯи ҳамсоягонаш , аз ҷумла Тоҷикистон мебандад. Аммо ҳар бор саривақт ва ё бо каме таъхир дар ин бора ҷониби Тоҷикистонро расман дар ҷараён мегузошт. Вале тайи солҳои ахир ин барои бори аввал аст, ки Узбакистон баъд аз гузашти панҷ шабонарӯзи гузаргоҳҳои марзии худро қулф заданаш боз ҳам дар бораи ин амали худ ва ин ки кай сарҳадашро дубора боз хоҳад кард, дар баробари мақомоти Тоҷикистон хомӯшӣ ихтиёр кардааст.

XS
SM
MD
LG