Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зардорӣ аз Ҳинд хост Покистонро муҷозот накунанд


Осиф Алӣ Зардорӣ -раиси ҷумҳури Покистон аз Ҳиндустон хост, ки Покистонро барои ҳамлаҳои террористии шаҳри Мумбай , ки боъиси куштори 170 нафар шудааст, муҷозот накунад. Вай дар мусоҳибае бо рузномаи "Файненшал Таймс"-чопи Бритониё гуфтааст, таҳрикоте аз қабили ҳамлаи Мумбай, ки аз суи гуруҳҳои тундрави ғайридавлатӣ анҷом гирифтааст, хатари бозгашти ин ду кишвари ҳамсоя ба ҳолати ҷангро дар пай дорад. Ин ду кишвар ҳар ду дорои аслиҳаи ҳастаӣ мебошанд.
XS
SM
MD
LG