Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилӣ ба Иттиҳодияи Аврупо ҳушдор дод


Михоил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури Гурҷистон ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ҳушдор дод, ки дар ҷараёни музокироти қариб-ул-вуқуъ бо Русия дар бораи тавофуқоти ҳамкорӣ бо ин кишвар зиёд созиш накунанд. Оқои Саакашвилӣ дар мусоҳибае бо рузномаи "Дер Тагешпигел"-чопи Олмон гуфтааст, кишварҳои Шуравии собиқ "эътирофи таҷовузи Русия" аз суи Иттиҳодияи Аврупоро "хиёнат" хоҳанд донист. Қарор аст рузи сешанбе музокироти Иттиҳодияи Аврупо бо Русия дар бораи ҳамкориҳои стротегӣ аз сар гирифта шавад. Баъд аз даргириҳои миёни Руссия ва Гурҷистон дар моҳи августи соли ҷорӣ ин музокирот се моҳ ба ҳолати таълиқ даромад.

XS
SM
MD
LG