Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сайёҳони хориҷӣ дар интизори тарки Тоиланд


Бар асари таркишҳо дар Тоиланд 47 нафар ҷароҳат бардоштанд. Қаблан хабар дода мешуд, ки аз се инфиҷор дар Бангкок тақрибан 12 нафар осеб дидаанду халос. Таркишҳо рӯзи шанбе дар канори қароргоҳи сарвазир, ки аз сӯи тазоҳургарон забт шудааст, ҳамчунин дар наздикиҳои студияи телевизион ва дар фурудгоҳ рух доданд.

Дар Тоиланд чанд рӯз боз намоиши эътирозии мухолифин бо талаби истеъфои ҳукумат идома дорад. Эътирозгарон ду фурудгоҳи Бангкок, аз ҷумла, фурудгоҳи байнулмилалии шаҳрро забт кардаанд. Айни ҳол даҳҳо ҳазор сайёҳони хориҷӣ дар интизори тарки кишваранд ва аммо раҳбарони мухолифин мегӯянд, ки онҳо аз фурудгоҳҳо фақат баъд аз истеъфои ҳукумат берун хоҳанд рафт.

Ахиран вазорати умури хориҷаи Русия эълом дошт, ки дар мавриди Тоиландро тарк кардани 267 сайёҳи рус бо ширкати ҳавопаймоии ин кишвар мувофиқа ҳосил кардааст.

XS
SM
MD
LG