Пайвандҳои дастрасӣ

Руминҳо порлумони навро интихоб мекунанд


Субҳи барвақти имрӯз қитъаҳои интихоботӣ дар Руминия дарҳои худро ба рӯи афроди соҳиби ҳақи раъй боз карданд. Шаҳрвандони кишвар бояд 315 вакили палатаи поёнӣ ва 137 узви Сенатро интихоб кунанд. Барои нахустин бор интихоботи порлумонӣ дар Руминия аз рӯи системи нав доир мешавад ва мардум на ба феҳристҳои ҳизбӣ, балки ба номзадҳои мушаххас раъй медиҳанд.

Интизор меравад, ки мубориза барои курсиҳои порлумон асосан миёни сотсиал-демократҳо, Ҳизби демократҳои либерали раисиҷумҳур Троян Басеэску ва ҳизби ҳукмрони либералҳои миллатгарои сарвазир Кэлин Попеску-Тэричану сурат гирад.

XS
SM
MD
LG