Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақиби собиқи Обама Котиби давлатӣ таъин мешавад


Барак Обама, раисиҷумҳури мунтахаби ИМА рӯзи душанбе Ҳиларӣ Клинтонро расман Котиби давлатии Амрико таъин мекунад. Дар ин бора хабаргузориҳо бо такя ба намояндагони аршади Ҳизби демократ иттилоъ додаанд. То имрӯз Обама дар мавриди таъиноти калидӣ дар бахши иқтисод тасмим гирифтааст – Тимотӣ Гейтнер курсии вазири молия ва Лоуренс Саммерс маснади раиси Шӯрои миллии иқтисодиро ишғол хоҳанд кард.

Маросими савгандёдкунӣ ва ба ифои вазифа пардохтани Барак Обама 20 январи соли 2009 баргузор мешавад. То он рӯз ӯ бояд дар мавриди номзадҳо ба мақомҳои калидӣ дар ҳукумат тасмим бигирад.
XS
SM
MD
LG