Пайвандҳои дастрасӣ

Мумбай: террористон кушта шуданд


Амалиёти озодсозии меҳмонхонаи "Тоҷмаҳал", 29-уми ноябр

Амалиёти озодсозии меҳмонхонаи "Тоҷмаҳал", 29-уми ноябр

Мақомоти Ҳиндустон хабар доданд, ки амалиёти вижа алайҳи террористон дар Мумбай (Бомбайи собиқ) поён ёфт.

Се рӯз боз чашму ҳуши оламиён сӯи яке аз бузургтарин шаҳрҳои Ҳиндустон Мумбай, аст. Се рӯз қабл гурӯҳи тундравҳои мусаллаҳ ба истгоҳи роҳи оҳану чанд меҳмонсарои бузург ва Маркази яҳудиён дар Мумбай ҳамла карда, ин шаҳри зебову маъруф бо “Боливуд”-ро ба оташ кашиданд.

Мақомоти Ҳиндустон фақат 29-уми ноябр дар бораи хатми амалиёти вижа алайҳи ин гурӯҳи тундрав хабар доданд. Ба иттилоъи расмӣ, охирин камингоҳи террористҳо дар меҳмонсарои “Тоҷмаҳал” аз байн бурда шуд: комиссари пулис Ҳасан Ғафур ба хабарнигорон гуфт, ки “ҳама амалиёти низомӣ поён ёфта ва ҳама террористҳо дар инҷо кушта шудаанд”. Ва аммо раҳбари гурӯҳи зудамал Ҷиотӣ Кришна Дат гуфт, амалиёт баъди он поён хоҳад ёфт, ки зердастонаш ҳама утоқҳои меҳмонсаро комилан тафтиш мекунанд.

Ба иттилоъи расмӣ, бар асари даргириҳои серӯза дар Мумбай 195 нафар кушта шуда, 295 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Аксари қурбониёни ин ҳодиса сокинони Ҳиндустонанд ва аммо дар ин ҳаводис тақрибан 20 тан аз шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Исроил, Австралия ва чанд кишвари аврупоиву осиёӣ низ кушта шудаанд.

Дар дигар меҳмонсарои Мумбай “Оберой” тақрибан сад нафар аз дасти террористҳо раҳо шуданд. Аммо наҷот бахшидан ба 20 нафари дигар муяссар нашуд. Ҳамчунин дар Маркази яҳудиён 5 нафар, аз ҷумла хохом ва завҷаи ӯ, кушта шудаанд.

Ёдовар мешавем, бегаҳи 26-уми ноябр гурӯҳи афроди мусаллаҳи ношинос сӯи мардум дар истгоҳи роҳи оҳан, меҳмонсароҳои “Тоҷмаҳал” ва “Оберой”, Маркази яҳудиён, бемористон ва тарабхона оташ кушоданд. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи ношиноси “Муҷоҳидони Деккон” бар дӯш гирифтааст. Бо вуҷуди ин мақомоти Ҳиндустон талош доранд ҳувияти афроди мусаллаҳ ва гурӯҳи онҳоро, ки ҳамлаашон мунҷар ба ҳалокати тақрибан 200 нафар шудааст, ошкор намоянд. Ба ақидаи вазири хориҷаи Ҳиндустон Пранаб Мукҳерҷӣ, “баъзе унсурҳо дар Покистон масъули ҳамлаҳои террористии Мумбай мебошанд”. Аммо Аҳмад Мухтор, вазири дифоъи Покистон, даст доштани кишвараш дар ин ҳамлаҳоро комилан рад кард.

Дар ҳамин ҳол, қарор аст, ки сарвари хадамоти кашфи Покистон барои ҳамдастӣ бо мақомоти Ҳиндустон ва ширкат дар тафтиши ин ҳодиса вориди Мумбай шавад.
XS
SM
MD
LG