Пайвандҳои дастрасӣ

ОПЕК содироти нафтро коҳиш нахоҳад дод


Намояндагони ОПЕК – Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт тасмим гирифтанд, ки ҳадди аққал то ду ҳафтаи оянда ҳаҷми истихроҷи нафтро коҳиш надиҳанд. Вазирони нафти кишварҳои узви Созмон дар як нишасти ғайрирасмӣ дар Қоҳира масоили марбут ба ҷилавгирӣ аз пойинравии шадиди қимати маводи сӯхт дар бозори ҷаҳонро баррасӣ карданд. Қаблан ин кишварҳо тасмим гирифта буданд, ки истихроҷи шабонарӯзии нафтро якуним миллион бушка коҳиш диҳанд. Бо вуҷуди ин пойинравии қимати нафт идома кард ва ин ҳафта то 50 доллар барои як бушка расид. Дар арафаи ин нишаст намояндаи Арабистони Саъудӣ эълом дошт, ки кишвараш хостори 75 доллар барои як бушка муқаррар кардани қимати нафт дар бозори ҷаҳонист. Ёдовар мешавем, миёнаҳои сол қимати як бушка нафт то 147 доллар боло рафта буд.

Кишварҳои узви ОПЕК ва Русия дар маҷмӯъ 80 дар сади захираҳои нафти оламро дар ихтиёр доранд.

Нишасти навбатии ҳайатҳои кишварҳои узви ОПЕК 17 декабри соли равон дар Алҷазоир баргузор хоҳад шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG