Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юшенко раиси ҳизб интихоб шуд


Виктор Юшенко, раиси ҷумҳури Укроин сарвари ҳизби “Иттиҳоди мардумӣ - Укроини мо” интихоб шуд. Аз номзадии Юшенко, ки аз сӯи раиси пешини ҳизб Вячеслав Кириленко пешбарӣ гардид, аксари вакилони анҷумани ҳизб пуштибонӣ карданд. Анҷумани “Иттиҳоди мардумӣ - Укроини мо” бидуни ширкати хабарнигорон баргузор шуд.
Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, дар анҷуман ҳамчунин изҳороти сиёсӣ пазируфта шуд, ки дар он омадааст "имрӯз амнияти миллии Укроин зери хатар боқӣ мемонад". Дар ин санад таҳдид ба амнияти Укроин бо “талоши Русия барои таҳти назорат гирифтани қаламрави собиқ шуравӣ, дасисаҳо алайҳи Укроин ва вуруди артиши Русия ба Гурҷистон” рабт дода шудааст.

XS
SM
MD
LG