Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Душанбе: барандозии ду ҳайкали замони Шӯравӣ


Аз ин сакку бори дувум муҷассамаи Ч. Путовский барандохта шуд.

Аз ин сакку бори дувум муҷассамаи Ч. Путовский барандохта шуд.

Ҳафтаи ахир муҷассамаҳои Ф. Дзержинский ва Ч. Путовский аз хиёбонҳои шаҳри Душанбе барандохта шуданд.

Нимпайкараҳои ин ду чеҳраи маъруфи собиқ давлати шуравӣ – Феликс Дзержинский ва Чеслав Путовский – аз хиёбонҳои маркази пойтахти Тоҷикистон нопадид шуданд.

Мақомоти шаҳрдорӣ дар мавриди кай ва бо кадом ҳадаф гирифтани ин нимпайкараҳо шарҳ надодаанд. Нимпайкараи Дзержинский, раҳбари нахустини мақомоти амниятии давлати шӯроҳо, то ба ин наздикӣ дар наздики сохтмони вазорати дохилаи кишвар ва Кумитаи амнияти миллӣ ва нимпайкараи Путовский, раиси идораи вақти умури кулли сиёсати давлатии Тоҷикистон, дар хиёбонии феълан бо номи Исмоли Сомонӣ, дар рӯ ба рӯи варзишгоҳи марказии Душанбе побарҷо буданд.

Гуфта мешавад, як сабаби аслии барчидани ин ду нимпайкаи афроди саршиноси давлатдории шӯравӣ бозсозии майдони марбут ба муҷтамаъи “Кохи миллат” дар наздики вазорати дохила ва ба ихтиёри меҳмонхонаи навбунёди “Hyatt Regens” гузаштани маҳалли ҷойгиршавии нимпайкараи Путовский будааст.

Ва дар ҳоле ки аксари мардум ва сокинони пойтахт ба иқдоми барчидани ин нимпайкараҳо назари бетафовут ва ё пуштибонӣ доранд, мақомот ва аъзои ҳизби коммунист аз ин амал шадидан нигаронӣ мекунанд. Қаюм Алимов, узви ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, барчидани нимпайкараҳои Дзержинскй ва Путовский аз хиёбонҳои Дунашберо иштибоҳ унвон кард.

Аммо дар ҳамин ҳол, таҳлилгарони тоҷик барчидани нимпайкараи ду чеҳраи маъруфи вақти шӯравӣ аз маркази Душанберо як амали ба таъхир анҷомшуда унвон мекунанд. Ба қавли Хуршеди Атовулло, таҳлилгари масоили сиёсӣ, Путовский ва Дзержинский чеҳраҳои сиёсси ҳукумати вақти шӯравӣ буданд ва бо истиқлол дарёфт кардани Тоҷикистон ва ҳамзамон тағйири сиёсат бояд ин чеҳраҳо низ баёнгари сиёсати суқуткарда дар хиёбони пойтахти як кишвари мустақил набошад.

Дар ҳамин ҳол, Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон, ба саҳми Феликс Дзержинский ва Чеслав Путовский дар бунёди давлатдории тоҷикон арҷ мегузорад ва мегӯяд, ҳарчанд дар ҳайъати шӯравӣ ҳам бошад, вале тоҷикон пас аз ҳазор сол ба унвони худ соҳиби давлат шуданд. Ва меафзояд, аз ин хотир саҳми ин афрод низ набояд якҷониба нодида гирифта шавад. Ба қавли ӯ, барчидани нимпайкараҳои Путовский ва Дзержинский маънии ба гунаи сардӣ гароидани муносиботи Тоҷикистон ва Русия нест ва дар Русия низ ба ин вокуниш ҷиддӣ нахоҳад буд.

Барчидани нимпайкараҳои чеҳраҳои сиёсии давлати шӯравӣ аз замони истиқлол ба даст овардани Тоҷикистон шурӯъ шудааст. Дар ҳаводиси баҳманҳои соли 1991-и Душанбе нимпайкараи Путовский аз собиқ хиёбони ҳамноми ӯ (ҳоло – хиёбони Исмоили Сомонӣ) барканда ва ба рӯдхонаи Душанбе андохта шуда буд. Ва баъдан бо хомӯш гаштани эътирозҳо ин нимпайкара ба ҷои пешин барқарор карда шуд. Ба дунболи ин муҷассамаи Владимир Ленин, дар тирамоҳи соли 1991 аз майдони марказии Душанбе ба таври таҳқиромез андохта шуда, ба ҷои Ленин муҷассамаи Абулқосими Фирдавсӣ гузошта шуд. Баъдан ҳам муҷассамаи Фирдавсӣ ба яке аз боғҳои канори Душанбе кӯч дода шуд.

Сар аз соли 1999 бо ифтихори ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён майдони марказии Душанберо то кунун муҷассамаи бузурги шоҳ Исмоили Сомонӣ зеб медиҳад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG