Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Анҷумани комунистҳои Русия шурӯъ шуд


Дар Маскав анҷумани сенздаҳуми Ҳизби комунисти Русия (ҲКР) ифтитоҳ шуд. Вакилони анҷуман вазъи сиёсӣ ва иқтисодӣ дар кишварро баррасӣ мекунанд. Геннадий Зюганов, раҳбари ҲКР зимни гушоиши форум сиёсати дохилии мақомоти Русияро ҳадафи интиқод қарор дод. Ба гуфтаи ӯ “тарғиботи ҳизби ҳоким ва назорат аз болои расонаҳои хабарӣ боиси он шудаанд, ки ҷомеъа барои изҳори эътирози рушан ҳанӯз омода нест”.

Қарор аст дар анҷуман, ки рӯзи якшанбе низ идома хоҳад кард, барномаи нави ҳизбӣ пазируфта ва раҳбарияти ҲКР интихоб шавад. Интизор меравад, ки Геннадий Зюганов дар мақоми раиси ҳизб боқӣ бимонад.
XS
SM
MD
LG