Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 33 мухолифи ҳукумат дар Ҳилманд


Дар ҷануби Афғонистон дар як даргирӣ бо нерӯҳои Эътилофи байнулмилалӣ 33 мухолифи ҳукумат кушта шуданд. Ба иттилоъи ҳайати фармондеҳии Эътилоф, ин задухурд дар вилояти Ҳилманд рух дод – гурӯҳи сарбозони хориҷӣ дар иҳотаи мусаллаҳони камингирифта уфтоданд. Ҳавопаймоҳои низомии Эътилоф ба кумаки сарбозони худ расиданд ва мавқеъҳои мухолифини ҳукуматро бомбборон карданд. Дар бораи қурбониён миёни низомиёни Эътилоф алҳол иттилоъе зери даст нест.

Тибқи як хабари дигар, дар вилояти Ғазнӣ дар задухурд бо нерӯҳои эътилофи таҳти фармони НАТО як фармондеҳи “Толибон” кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG