Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониён дар Мумбай ба 195 нафар расид


Мақомоти Ҳиндустон хабар доданд, ки бар асари ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба шаҳри Мумбай 195 нафар кушта шуда ва 295 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Ахиран иттилоъ дода шуд, ки амалиёти вижа дар меҳмонсарои “Тоҷмаҳал” поён ёфта ва се фарди мусаллаҳе, ки се рӯз боз он ҷо панаҳ мебурданд, кушта шудаанд. Ҳамлаи густардаи террористӣ ба чанд меҳмонсарои бузург ва Маркази яҳудиёни Мумбай рӯзи чаҳоршанбе шурӯъ шуда буд.

Пранаб Мукҳерҷӣ, вазири хориҷаи Ҳинд дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки “баъзе унсурҳо дар Покистон масъули ҳамлаҳои террористии Мумбай мебошанд”. Аммо Аҳмад Мухтор, вазири дифоъи Покистон, даст доштани кишвараш дар ин ҳамлаҳоро қатъӣ рад кард. Қарор аст имрӯз раиси хадамоти кашфи Покистон барои ҳамдастӣ бо мақомоти Ҳинд ва ширкат дар тафтиши ин ҳодиса вориди Мумбай шавад.
XS
SM
MD
LG