Пайвандҳои дастрасӣ

Беш аз 300 нафар мардикорони тоҷик дар як сохтмони шаҳри Екатеринбург (Русия) коршиканӣ кардаанд.

Раиси ҷамъияти фарҳангии тоҷикони ин минтақаи Русия Фаррух Мирзоев ба нақл аз қавли ин муҳоҷирон гуфтааст, мардикорони тоҷик дар яке аз ширкатҳои сохтмонии маҳаллӣ мавсум ба «СКА» кор мекардаанд, вале ин ширкат беш аз чаҳор моҳ ҳаққи заҳмати онҳоро пардохт накардааст. Муҳоҷирони кории тоҷик дар ин робита ба додситонии яке аз ноҳияҳои Екатеринбург шикоят бурдаанд.

Мардикорон, ки дар майдони сохтмонӣ ҷамъ омада, эълони корпартоӣ кардаанд, иброз доштаанд, ки то пардохт шудани ҳақи заҳмати чормоҳаи худ майдонро тарк нахоҳанд кард.

Дар бораи ҷузъиёти ин мавзӯъ гузориши хабарнигори радиои Озодӣ тайи соатҳои наздик нашр хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG