Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талафоти артиши Афғонистон дар Бодғис


Абдулғанӣ Сабрӣ - як мақоми расмии Афғонистон гуфт, ҷангҷӯёни Толиб дар вилояти Бодғис 13 сарбози давлатиро кушта ва 16 нафари дигарро асир гирифтанд. Ба гуфтаи Абдулғанӣ Сабрӣ муовини волии Бодғис, зимни набарди шоми панҷшанбе дар ноҳияи Боло Мурғоби Бодғис Толибон низ ҳафт ҷангҷӯи худро талаф доданд. Абдулғанӣ Сабрӣ афзуд, ки гурӯҳи 300 нафарии ҷангҷӯёни Толиб ба посгоҳи муштараки сарбозон ва пулиси маҳаллӣ ҳамла кардаанд ва ҷанг бо онҳо чанд соат идома ёфтааст. Ёздаҳ сарбози артиши Афғонистон дар ин даргирӣ захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG