Пайвандҳои дастрасӣ

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Эшони Нуриддин


Нуриддини Тӯраҷонзода, маъруф ба Эшони Нуриддин, рӯҳонии саршиноси Тоҷикистон

Нуриддини Тӯраҷонзода, маъруф ба Эшони Нуриддин, рӯҳонии саршиноси Тоҷикистон

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон алайҳи рӯҳонии машҳур Нуриддини Тӯраҷонзода парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Эшони Нуриддин баъд аз хуруҷ аз бинои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар як сӯҳбат ба хабарнигорон гуфт, ин маротибаи саввум аст, ки ба ниҳодҳои тафтишотӣ даъват мешавад. Вай афзуд, ӯро ба нашри мавъизаҳое муттаҳам мекунанд, ки гӯё бо се банди қонуни ҷиноии Тоҷикистон мухолифат доштааст. Вай мегӯяд, ӯ он чиро мегӯяд, ки дар шариъат омадааст ва худованд иҷрои онро тақозо мекунад.

Эшони Нуриддин афзуд, маъмурони амниятӣ ба ӯ гуфтаанд, ки дар мавъизаҳои ӯ тарғибу ташвиқи зиддиқонунӣ ошкор шуда, дунявияти сохти сиёсии Тоҷикистон таҳти суол бурда мешавад. Эшони Нуриддин гуфт, мақомот мавъизаҳои ӯ, аз ҷумла дар мавриди ҳаром будани шароб ва зиноро муғойир ба қонунҳои давлати демократие чун Тоҷикистон арзёбӣ кардаанд. Вай афзуд, ҳамчунин мақомот ба ӯ гуфтаанд, ки мавъизаҳои ӯ оромиши ҷомеъаро барҳам мезананд ва боиси густариши тундгароӣ мешаванд.

Эшони Нуриддин ҳамчунин мухолифаташ алайҳи сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистонро рад карда, гуфт, аз иқдомоти раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди эълом доштани соли Имоми Аъзам, мавқеъгириҳои байнулмилалиаш дар мавриди исломро ҷонибдорӣ мекунад.

Ба таъйиди Эшони Нуриддин мақомоти амниятии Тоҷикистон бар асоси як хулосаи коршиносии собиқ Кумитаи дини назди ҳукумати ин кишвар алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Нуриддини Тӯраҷонзода, бародари Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода - яке аз чеҳраҳои сиёсии Тоҷикистон аст, ки дар мавъизаҳояш аз касодии ахлоқ, густариш ва гаравидани атбоъи мусалмони Тоҷикистон ба динҳои дигар интиқоди шадид мекунанд. Қаблан мақомоти Тоҷикистон наворҳои аудио ва видеоии онҳоро аз бозорҳои кишвар мусодира карда, амри маъруфи онҳо дар тӯю маросимҳоро низ манъ карда буданд. Дар Масҷиди Муҳаммадияи деҳаи Туркободи ноҳияи Ваҳдат, ки Эшони Нуриддин дар он имомхатиб аст, дар намози ҷумъа ҳазорон нафар аз навоҳии атрофи Душанбе ва вилояти Хатлон ҷамъ меоянд.

Як корманди собики Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон, ки гуфта мешавад дар омода кардани хулосаи коршиноси дар мавриди мавъизаҳои Эшони Нуриддинҷон саҳм гирифтааст, гуфт дар Тоҷикистон минбари дин аз сӯи бархе уламои ислом сӯйистифода мешавад ва дар ҳоли ҳозир, қавонини дин бо қавонини сиёсату иқтисод мувофиқат намекунанд.

Иддае аз коршиносон низ бар он назаранд, ки дар манзили сокинон ва бозорҳои кишвар мардум бештар ба шунидани амри маъруфи рӯҳониён рӯ овардаанд ва ин ҳол дар ҷомеъа рӯҳияҳои тундгароии диниро низ вусъат бахшидааст.

Дар ҳамин ҳол Эшони Нуриддинҷон мегӯяд, дар сурати идома пайдо кардани фишорҳои ҳукумат бар ӯ ва дар ҳоли маҳрум кардани ӯ аз минбараш Тоҷикистонро ба қасди Қазоқистон, ки он ҷо низ ҳаводоронаш зиёданд, тарк хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG