Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳзанҳои Сомалӣ боз як киштиро рабуданд


Роҳзанҳои баҳрии Сомалӣ як киштии боркаши дигарро бо даҳҳо нафар маллоҳони ҳиндиаш рабуданд. Се муҳофизи бритониёнии киштиро, ки аз дасти роҳзанон гурехта, худро ба об андохтаанд, таввасути чархбол наҷот додаанд. Вале роҳзанони баҳрӣ ҳанӯз 25 маллоҳи ҳиндӣ ва ду бангладешии дигарро дар асорат доранд. Танҳо ҳамин сол роҳзанҳои баҳрии Сомалӣ дар соҳилҳои ин кишвар дар Халиҷи Адан ба 97 киштӣ ҳамла карда, даҳҳо адади онҳоро гаравгон гирифтаанд ва то кунун барои ситонидани гаравпулӣ нигаҳ медоранд. Ҳукумати заъифи Сомалӣ, ки бо шуришиёни исломӣ дастбагиребон аст, қодир ба хотима додан ба бедодгариҳои роҳзанон нест.

XS
SM
MD
LG