Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як сарбози навҷавони тоҷик


Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, иллатҳои марги як сарбози навҷавонеро таҳқиқ мекунанд, ки аз мошини низомӣ берун ҷаҳида ва ҳалок шудааст. Дар додситонии вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Ибодулло Миракови 24- сола чанде пеш ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пайваст, дар воҳиди низомии ноҳияи Ҷомӣ хидмат мекард. Ин фоҷиаи якум дар воҳиди низомии Ҷомӣ нест, зеро соли равон ду сарбози воҳиди низомии мазкур қасди худкушӣ карданд ва як афсари аз ин воҳид низ барои бадрафторӣ ба сарбозон ба зиндон маҳкум шудааст. Додгоҳи олӣ мегӯяд, соли равон бештар аз 500 нафар аз корманд ва сарбозони ниҳодҳои низомии кишварро барои гуноҳҳои гуногун, аз ҷумла бадрафторӣ бо сарбозони навхат, ҷазо дода ва ҳамчунин ба зиндон маҳкум кардааст.
XS
SM
MD
LG