Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаш соли раёсатҷумҳурии Ҳомиди Карзай


Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон

Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон

Бо он ки давраи раёсати ҷумҳурии Ҳомиди Карзай соли оянда хотима меёбад, чунин ба назар мерасад, ки бадтар шудани авзоъи амниятӣ дар Афғонистон зоҳиран шанси ӯро барои интихоби дубора ба он мақом камтар мекунад.

Бо шумули раҳбари ҳукумати муввақатӣ буданаш Ҳомиди Карзай аз соли 2002 ба ин тараф Афғонистонро раҳбарӣ мекунад. Ва чун давраи раёсаташ ба поён мерасад, раъйдиҳандагону сиёсатмадорони мухолиф ва нозирони хориҷӣ собиқаи кории раиси ҷумҳур Карзайро таҳлил доранд, ки ба чӣ дастовардҳое ноил шудааст ва ё чиро аз даст додааст.

Ҳарчанд ҳанӯз замони баргузории интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳур дар Афғонистон таъйин нашудааст, вале аз ҳоло баъзе аз сиёсатмадорони афғон баргузории он дар чунин замони бесуботро муносиб намедонанд. Ба гуфтаи аксари соҳибназарон, интихобот бояд тирамоҳи соли 2009 баргузор шавад, аммо ба андешаи Шукрия Борикзай – вакили порлумони Афғонистон вазъи амниятӣ барои баргузории як интихоботи шафофу одилона мувофиқ нест:

«Ба андешаи ман, гузоштани сандуқҳои раъйдиҳӣ маънии баргузории интихоботро надорад. Мардум бояд аз назари ҷисмониву равонӣ амн бошанд, то бо итминон раъй диҳанд. Дар ҳоле, ки одамонро барои доштани санади масъули сабти номи раъйдиҳандагон куштаанд, мо дар чунин шароит интихобот баргузор хоҳем кард? Шумо фикр мекунед, ки Афғонистон дар чунин шароит интихобот баргузор карда метавонад. Маълум аст, ки мо дар чунин шароит наметавонем интихобот доир кунем».

Тӯли имсол дар Афғонистон 4 ҳазор нафар ва аксаран мардуми осоишта кушта шудаанд. Ҳатто аъзои давлати Афғонистон эътироф мекардаанд, ки Толибон дар 50 навоҳии вилоятҳои ҷанубӣ ва ҷанубушарқии Афғонистонро ё комилан ва ё қисман таҳти назорат доранд. Ва барои аксарияти афғонҳо набуди амният мояи аслии нигаронист.

Табиист, ки дар чунин вазъият баргузор кардани маъракаҳои тарғиботӣ барои сиёсатмадорону тарафдорони онҳо хатарнок мебошад. Вале ин боз ҳам баъзе аз сиёсатмадорони афғон ғайрирасмӣ гуфтаанд, ки дар интихобот ширкат меварзанд. Аз ҷумлаи онҳо Кабир Ранҷбар - вакили мардумии Афғонистон ва яке аз мунтақидони Ҳомиди Карзай аст. Ба гуфтаи вай, танҳо ноамнӣ нест, ки дар Афғонистон ба Ҳомиди Карзай нисбат медиҳанд ва худи ӯ чизи зиёди мусбате накардааст, ки ба раъйдиҳандагон нишон диҳад, то ӯро бори дигар раиси ҷумҳур интихоб кунанд:

«Агар шумо ба кулли умури давлатӣ назар кунед, вай як раисиҷумҳури ноком аст. Ман шубҳа надорам, ки баъзе корҳо ба сомон расиданд. Аммо он чизҳо, бо шарофати ҷомеъаи байналмилал, бо фишору ҳамкорӣ ва дахолати мустақими он ба даст омаданд».

Чунин бардошт дар кишварҳои ғарбӣ ҳам бештару бештар мешавад. Даниел Маркӣ, яке аз тарҳрезони собиқи сиёсати хориҷии Амрико ва пажӯҳишгари Осиёи Ҷанубӣ дар Шӯрои равобити хориҷии Вашингтон, мегӯяд, сиёсатгузорони кишвараш аз рафторҳои ахири Ҳомиди Карзай беш аз пеш нигаронтар мешаванд.

Вай меафзояд, «нигаронӣ ҳам аз назари интиқоди афзояндаи ҷомеъаи байнулмилалӣ ва ҳам аз назари суолҳои афғонҳо, ки доир ба муассирии Ҳомиди Карзай ва ҳам ҳукумати ӯ матраҳ мекунанд, бештар шудааст. Бахусус дар робита ба фасодкории густурда дар дохили ҳукумат. Ин ҳама одамонро ба ин андеша андохтааст, ки оё интихоботи Ҳомиди Карзай барои панҷ соли дигар ба манфиати барномаҳои давлатии муҳими амалишаванда дар Афғонистон хоҳад буд ё на. Ин гуна баҳсҳо хеле зиёданд».

Аммо дар вокуниш ба ин нигарониҳо ва дар посух ба суол доир ба дастовардҳои Ҳомиди Карзай, сухангӯи ӯ Ҳумоюн Ҳамидзода ба Радиои Озодӣ гуфт, раисиҷумҳур низоми демократии босубот дар Афғонистонро барқарор ва пешрафтатарин Қонуни Асосӣ дар ҷаҳони исломро қабул кард. Вай афзуд, бо саъйҳои давлати Карзай ҳоло Афғонистон шоҳиди рушди босуръати иқтисодӣ шудааст ва 85 дар сади мардум ба наҳве ба хадамоти тиббӣ дастрасӣ доранд ва миллионҳо нафар кӯдакон ба мактаб мераванд.

Баъзе аз коршиносони афғон мегӯянд, ки Ҳомиди Карзай дар интихобот рақиби баробаре нахоҳад шуд. Ягона мухолифи аслии ӯ ҷангҷӯёни Толибанд, ки мехоҳанд ҳукумати Карзайро сарнагун ва нерӯҳои хориҷиро аз Афғонистон берун кунанд. Ҳарчанд ба гуфтаи ин коршиносон ва баъзе аз сиёсатмадорони афғон, тайи солҳои ахир аҳзоби сиёсии мухталиф аз ҷумла Ҷабҳаи Миллии Афғонистон зуҳур карданд, аммо рақиби пӯрзӯре дар интихобот пешниҳод карда наметавонанд. Ба гуфтаи Шукрия Борикзай, вакили мардумии Афғонистон, ҳарчанд маҳбубияти Ҳомиди Карзай дар Афғонистон коҳиш ёфтааст, аммо мухолифони ӯ ҳам натавонистаанд, дили ҷомеъаро ба даст оранд.

XS
SM
MD
LG