Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИМА: "Сурия аз шеваҳои Эрон кор мегирад"


Normal 0

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико имрӯз Сурияро муттаҳам кард, ки ба қавли он "бо шеваҳои суфташуда" аз тарафи Эрон монеъи таҳқиқи фаъолиятҳои пинҳонии атомиаш мешавад. Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ рӯзи 19 ноябр бо нашри гузорише гуфт, як таъсисоти Сурия, ки Исроил соли 2007 онро бомборон кард, нишонаҳои реактори атомиро доштааст. Грегорӣ Шулт – намояндаи Амрико дар як нишасти шӯрои ҳуккоми Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ таъкид кард, ки ин созмон дар таҳқиқи фаъолияти атомии кишварҳое, ки протоколи илҳоқиро имзо накардаанд, дасти кӯтоҳ дорад. Протоколи илҳоқӣ ба Аҳдномаи манъи густариши силоҳҳои атомӣ иҷоза медиҳад, то нозирони Созмони Милал дар ҳар вақти дилхоҳ таъсисоти атомии эъломнашуда дар кишвареро таҳқиқ намоянд. Сурияву Исроил, ки бо ҳам душманӣ доранд, ба Аҳдномаи Манъи Густариши Силоҳҳои Атомӣ напайваста ва протоколи илҳоқии онро низ имзо накардаанд.

XS
SM
MD
LG