Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши қурбониёни ҳамлаҳо дар Мумбай


Нерӯҳои махсуси Ҳиндустон амалиёт барои маҳви тундравонеро идома медиҳанд, ки дар шаҳри Мумбай даҳҳо нафарро гаравгон гирифтанд. Ба гуфтаи пулис, онҳо 24 ҷасади дигарро пайдо карданд, ки қурбонии силсилаи ҳамлаҳои тундравон дар ду рӯзи гузашта мебошанд. Бино ба хабарҳои тоза, теъдоди қурбониён дар ин ҳамлаҳо дасти кам ба 143 нафар расидааст. Телевизионҳо имрӯз мардони ниқобпӯшеро нишон доданд, ки бо таноб аз чархбол ба боми маркази яҳудиён дар Мумбай фуруд меоянд. Ба гуфтаи мақомот, зоҳиран дар ин марказ тундравон чандин нафар аз ҷумла исроилиёнро гаравгон гирифтаанд. Ҳарчанд ҳуввияти тундравон мушаххас нашудааст, вале мақомоти расмӣ ва коршиносон гуфтаанд, ҳамлаҳо кори дасти тундравони исломӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG