Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷинояти зишт дар як намози ҷумъа дар Ироқ


Имрӯз ҳангоми намози ҷумъа дар як масҷиди шиъамазҳабони Ироқ бомбгузори маргталабе худро мунфаҷир карда нӯҳ нафарро кушт ва 15 тани дигарро маҷрӯҳ кард. Ба гуфтаи пулис, бомбгузорӣ дар шаҳри Мусаяб воқеъ дар 80-километрии ҷануби шаҳри Бағдод сурат гирифтааст. Як рӯз пеш аз ин ҳодиса порлумони Ироқ санадеро тасвиб кард, ки ба нерӯҳои Амрико иҷоза медиҳад, то се соли дигар дар Ироқ бимонанд.
XS
SM
MD
LG