Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳмон аз суръати сохтмони Сангтӯда-2 қаноатманд нест


Дар Теҳрон ҳангоми сӯҳбат бо раисҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки Ҷумҳурии исломӣ воқеан коршарики стратегии Тоҷикистон аст. Дар айни замон раҳбари Тоҷикистон суръати сохтмони нерӯгоҳи барқиву обии Сангтӯда-2-ро, ки бо иштироки сармояи эронӣ бунёд мешавад, ғайриқаноатбахш унвон додааст.

Дар поёни мулоқоти рӯ ба рӯи раҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва ҳамчунон нишасти ҳайъатҳои ҳукуматҳои ду кишвар, ки рӯзи 27 ноябр дар Теҳрон барпо шуд, ҷонибайн ба равобити сиёсии миёни Тоҷикистону Эрон баҳои баланд доданд. Президенти Тоҷикистон Эронро "ҳамкори стратегӣ"-и кишвараш номид, вале ҳамзамон бо он аз суръати кунди татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ ва ба хусус сохтмони нерӯгоҳи барқиву обии Сангтӯда-2, ки бо иштироки сармояи Эрон амалӣ мешавад, изҳори нигаронӣ намуд.

Хабаргузориҳо аз нақли дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон овардаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз президенти Эрон даъват намуд, сохтмони ин нерӯгоҳи барои Тоҷикистон пураҳамиятро таҳти назорати шахсӣ қарор диҳад. Бар пояи мувофиқати Тоҷикистону Эрон марҳилаи аввали сохтмони Сангтӯда-2, ки тибқи нақша ба 220 мегаватт баробар хоҳад буд, бояд дар ибтидои соли 2010-ум ба анҷом расад. Хабаргузории Итар-Тасс навиштааст, ки дар Тоҷикистон се агрегати нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ба истифода супурда шуданд, вале ҳанӯз ҳам Тоҷикистон бо камбуди нерӯи барқ мувоҷеҳ буда, маҷбур аст, дар фасли зимистон маҳдудияти истифодаи онро ҷорӣ намояд. Сангтӯда-1, ки дар канори нерӯгоҳи Сангтӯда-2 қарор дорад, бо иштироки сармояи Русия бунёд мегардад.

Хабаргузориҳо бо ишора ба иттилоъ аз дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон навиштаанд, ки аснои мулоқоти ҳайъатҳои Эрону Тоҷикистон зарурати такмили сохтмони тунели Истиқлол дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, оғози сохтмони тунели Чормағзак дар шоҳроҳи Душанбе-Норак ва таҳияи лоиҳаи нерӯгоҳи барқиву обии Шӯроб дар рӯди Вахш таъкид шуд. Ҳамин манбаъ афзудааст, ки Эрон мувофиқат намуд, ки бар иловаи лоиҳаҳои муштараки ёдшуда, дар ташкили як идда муассисаҳои саноатӣ, маркази зилзиласанҷӣ ва фурӯшгоҳи бузург дар Тоҷикистон саҳм гирад.

Тоҷикистону Эрон бори дигар тасдиқ намуданд, ки ҷонибдори бунёди шабакаи қавишиддати интиқоли нерӯи барқ ва сохтмони роҳҳои оҳану мошингард миёни Тоҷикистону Эрон тавассути Афғонистон мебошанд.

Соли 2006-ум дар шаҳри Душанбе раҳбарони Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар мавриди ташкили як шабакаи телевизионӣ, ки тибқи нақша мебоист дар Тоҷикистон мустақар шуда, барои се кишвар барнома пахш менамуд, ба мувофиқат расида буданд, вале дар ин бора то кунун маълумоти бештаре дастрас нашудааст.

Дар вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба хабаргузориҳо иттилоъ доданд, ки ҳайъати Тоҷикистон зери сарпарастии Эмомалӣ Раҳмон нақша дорад, шоми ҷумъа, 28 ноябр, баъди боздид аз муассисаи тавлиди мошин ва зиёрат аз бурҷи телевизионии "Милод" бо сафари дурӯза ба кишвари арабии Қатар рафта, дар шаҳри Давҳа дар кори конфронси байналмилалӣ бахшида ба арзёбии сармоягузории рушд маъраф бо номи мувофиқатномаи Монтеррей ширкат варзад. Дар ҷараёни буду бош дар шаҳри Давҳа президенти Тоҷикистон бо дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун ва амири ин кишвари арабии Халиҷ шайх Ҳамад бин Халифа ас-Сонӣ ва дигар мақомҳои баландпоя гуфтугӯ хоҳад дошт.

30-уми ноябр зиёрати расмии президенти Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Яман оғоз меёбад.

XS
SM
MD
LG