Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳри Мумбайи Ҳинд ҳанӯз ором нашудааст


Нерӯҳои махсуси Ҳиндустон амалиёт барои маҳви тундравонеро идома медиҳанд, ки дар шаҳри Мумбай ба чандин меҳмонхона ҳамла карда ва даҳҳо нафарро гаравгон гирифтанд. Бар асари даргирӣ бо ин тундравон 120 нафар кушта ва ҳудуди 300 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Телевизионҳо имрӯз намоиш доданд, ки маъмурони амниятии Ҳинд аз чархбол ба боми як маркази яҳудиён дар Мумбай фуруд меоянд, ки зоҳиран амалиёте барои наҷоти гаравгонон буд. Дар амалиёти дигар, маъмурони амниятӣ 30 тан нафар гаравгонон аз ҷумла хориҷиёнро аз дасти тундравон дар меҳмонхонаи боҳашамати Оберойи Триденти Мумбай озод кардаанд. Бино ба гузоришҳо, нерӯҳои махсус ҳанӯз дар меҳмонсарои Тоҷ Маҳал гаравгонони эҳтимолӣ ва як тундравро ҷустуҷӯ доранд.
XS
SM
MD
LG