Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи даргириҳо дар Мумбайи Ҳиндустон


Нерӯҳои таъиноти махсуси Ҳиндустон бо мусаллаҳоне, ки чандин нуқтаи шаҳри Мумбайро ишғол кардаанд, дар ҳоли даргириянд. Мақомоти шаҳр мегӯянд, дар ҳодисаҳои ахир 119 нафар кушта ва наздик ба 300 нафар захмӣ шудаанд. Рӯзи гузашта як гурӯҳи мусаллаҳ ҳамзамон дар чанд маҳалли Мумбай тирандозӣ карда, афродеро дар ду меҳмонсаро ва як маркази мазҳабии яҳудиён гаравгон гирифт. Дар ҳоле ки даҳҳо нафар раҳоӣ ёфтаанд, 10 исроилӣ ва 15 фаронсавӣ дар асорати мусаллаҳон мебошанд. Ҳувияти ҳамлаварон ошкор нашудааст, аммо мақомоти Ҳиндустон онҳоро ба тундравони исломӣ рабт медиҳанд ва сарвазири ҳинд Манмоҳан Сингҳ ба пайвандҳои хориҷии ин гурӯҳ ишора кардааст. Маъмулан дар чунин ҳолат Покистон дар назар дошта мешавад, аммо ҳукумати Покистон ин иттиҳомотро рад ва ҳамларо шадидан маҳкум кардааст.
XS
SM
MD
LG