Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Эрон ва Тоҷикистон ба "низоми мустақили иқтисодӣ"


Президентҳои Тоҷикистон ва Эрон, Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод пас аз мулоқот дар Теҳрон эълон карданд, ки хостори таъсиси "системи мустақили иқтисодӣ" дар минатқаи Осиёи Марказиянд. Онҳо гуфтаанд, кишварҳои ба ҳам дӯст дар роҳи рушди равобити байниҳамӣ бояд як низоми соҳибистиқлоли иқтисодиро бунёд кунанд. Ин эъломия дар ҳоле садо дод, ки гуфта мешавад, ду раҳбар масъалаҳои марбут ба бӯҳрони молиявии ҷаҳонро баррасӣ карданд. Ҷаноби Аҳмадинажод дар ин нишаст ҳамчунин аз ташаббуси таъсиси як шабакаи телевизионии Эрону Тоҷикистон ёдрас шуда, гуфтааст, ин телевизион метавонад фарҳанги ғановатманди ду кишварро ба ҷаҳониён пешниҳод кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG