Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати се сарбози бритониёӣ дар Афғонистон


Бар асари ҳамлаи ошӯбгарон дар Афғонистон ду сарбози бритониёӣ кушта шудаанд. Вазорати дифоъи Бритониё мегӯяд, ин сарбозон дар наздикии Лашкаргоҳи вилояти Ҳилманд дидбон буданд ва ҳадафи тирборон қарор гирифтанд. Як сарбози дигари бритониёӣ дар минтақаи Каҷакии вилояти Ҳилманд захмӣ шуда, дар роҳ ба бемористон ҷон додааст. Тибқи шумориши хабаргузории Ассошиейтед Пресс талафоти ахири нерӯҳои мусаллаҳи Бритониё шумори умумии сарбозони бритониёии кушташуда дар Афғонистонро аз соли 2001 то ҳоло ба 128 нафар расондааст.
XS
SM
MD
LG