Пайвандҳои дастрасӣ

Кормандони сафорати Амрико осеб надидаанд


Сухангӯи сафорати Амрико гуфт, сафорат имрӯз ба хотири таҷлил аз Иди Сипос баста буд ва ҳамлаи интиҳории имрӯза ба касе аз кормандонаш асобат накардааст. Бар асари ҳамлаи маргталабона дар наздикии сафорати Амрико дар Кобул имрӯз 4 ғайринизомӣ кушта ва ҳудуди 19 тани дигар захмӣ шуданд. Сухангӯи вазорати умури дохилаи Афғонистон Земарай Башарӣ гуфт, ҳамлагар, ки савори мошини бамбгузоришуда буд, вақте худро мунфаҷир кард, ки як корвони нирӯҳои хориҷӣ аз роҳ мегузашт.
XS
SM
MD
LG