Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сингҳ ангушт сӯи ҳамсояҳои Ҳинд баланд кард


Сарвазири Ҳинд Манмуҳон Сингҳ хостори иттихози тамоми тадобири лозим ба хотири муҷозоти афроди масъул дар ҳамлаҳои Мумбай шуд. Силсилаи ҳамалоти дирӯза дар пойтахти молии Ҳинд беш аз 100 куштаву 300 захмӣ бар ҷой гузошт. Сингҳ гуфт, пойгоҳи ҳамлагарон дар хориҷ аз Ҳинд буд ва Ҳинд ҳамсояҳоеро, ки ба ҷангиёни зидди ин кишвар паноҳ медиҳанд, таҳаммул нахоҳад кард. Афроди мусаллаҳ рӯзи чоршанбе дар Мумбай 7 минтақа, аз ҷумла ду меҳмонсарой, истгоҳи роҳи оҳан ва як бемористонро ҳадафи ҳамла қарор доданд. Даҳҳо нафар то ҳол дар як меҳмонсаро дар асорати гаравгонгирон боқӣ мемонанд. Як гурӯҳи начандон маъруфи мавсум ба “Муҷоҳидини Декан” масъулияти ҳамлаҳои Мумбайро бар дӯш гирифтааст.
XS
SM
MD
LG