Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хавфи минаҳо дар марзи Узбакистон


Тоҷикистон ҷиҳати барномаи поккории минаҳо дар марзҳояш хостори муҳлат ва маблағи бештар шудааст.

27-уми ноябр ин пешниҳод аз забони раиси маркази минарӯбии Тоҷикистон Ҷонмаҳмад Раҷабов дар ҷараёни нишасти байнулмилалие роҷеъ ба маҳви минаҳои зидди нафар дар Женева садо дод.

Масъалаи поккории минаҳо барои Тоҷикистон баробар бо дигар масоъили сиёсиву иҷтимоъӣ хеле дарднок аст. Ҳанӯз 9 соли пеш Узбакистон гуфт, барои ҷилавгирӣ аз убуру мурури ҷангиёни исломӣ дар хатти марзаш бо Тоҷикистону Қирғизистон минагузорӣ мекунад. Аммо то имрӯз бар асари таркишҳо на ҷангиёну ҷинояткорон, балки дасти кам 80 кӯдаку сокинони деҳот, чорводорони маҳалҳои наздимарзӣ ба ҳалокат расида, ҳудуди 100 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон бо имзои Конвенсияи Оттава пайваста аз Узбакистони ҳамсоя даъват кардааст, ки аз Душанбе дар ин амр пайравӣ кунад ва бо таслими харитаи минаҳои гузошташуда ин санади муҳимми байнулмилалиро имзо кунад. Вале то ҳол садди аслӣ барои ҳалли масъала ҳамин тасмими Тошканд боқӣ мемонад.

Рӯзи панҷшанбе дар нишасти Женева раиси маркази минарӯбии Тоҷикистон Ҷонмаҳмад Раҷабов ҳам ба ин масъала таъкид карда гуфтааст, ки алорағми пофишориҳо, Узбакистон аз ҳамкорӣ дар ин масъала даст мекашад.

Дар суҳбат бо Женева Эмил Ҳасанов, нозири Федератсияи безараргардонии минаҳои Швейтасария, ки як созмони сармоягузори барчидани минаҳо дар қаламрави Тоҷикистон маҳсуб мешавад, гуфт, камбуди маблағ барои идомаи барномаҳои маркази минарӯбии Тоҷикистон аз масъалаҳои аслӣ боқӣ мемонад. Ба гуфтаи ӯ, то соли оянда масъулини минарӯбӣ дар Тоҷикистон дархостеро роҷеъ ба тамдид шудани муҳлати барномаи поккории минаҳо, ки соли 2010 ба охир мерасад, ирсол хоҳанд кард.

Аз оқои Ҳасанов пурсидем, оё дар ин ҳамоиши байнулмилалии Женева роҷеъ ба масъулиятҳои Узбакистон чизе гуфта шуд? Э. Ҳасанов посух дод: "Бале, ин масъала аз ҷониби раиси маркази миллии минарӯбии Тоҷикистон матраҳ шуд. Таъкид шуд, ки дар баъзе манотиқе, ки аз ҷониби нерӯҳои минарӯби Узбакистон поккорӣ шудааст, кор идома дорад. Дар минтақаи марзӣ чанд анклаве мавҷуд аст, ки марбут ба қаламрави Узбакистон аст. Ин як мониъа аст, ки дар миёни Узбакистон ва Тоҷикистон мавҷуд аст. Соли гузашта Узбакистон расман изҳор кард, ки баъзе манотиқро аз минаҳо тоза кардааст. Тоҷикистон дар амалиёти безараргардонии минаҳо аз тадбирҳои башарӣ кор мегирад ва ин каме аз шеваи кишвари ҳамсояи тафовут дорад, ки барои ҳалли ин мушкил аз тадбирҳои низомӣ кор мегирад ".

Маркази миллии минарӯбии Тоҷикистон бо ҳама васоили зарурӣ таъмин буда, роботҳои ошкор ва безараркунандаи минаҳо ҳам дар ихтиёр дорад. Масалан, гуфт вай, Тоҷикистон аз меъёрҳои байналмилалии поккории минаҳо , ки бо истилоҳи шеваи башарӣ ёд мешавад, истифода мекунад ва ин тарзи кор аз ҷониби ҷомиъаи байналмилалӣ ҳам қобили қабул аст. Аммо роҷеъ ба Узбакистон ба ҷуз ин ки эҳтимолан аз шеваҳои низомии безарарсозии минаҳо кор мегирад, иттилоъи дигар дар даст нест, меафзояд ӯ. Аз ҳамин сабаб ҷараёни безарарсозии ҳаракати мардуми одиро дар манотиқи наздимарзӣ дар оянда ҳам бо хатар рӯбарӯ мекунад.
XS
SM
MD
LG