Пайвандҳои дастрасӣ

2,5 миллион $ сармоягузории WB ба "Помир-1"


Бонки ҷаҳонӣ ба нирӯгоҳи “Помир-1” 2,5 миллион доллари дигар сармоягузорӣ мекунад. Ин созишнома ахиран миёни ин ниҳоди молӣ ва вазорати молияи Тоҷикистон имзо шуд. Иттихози маблағи ахир ба хотири пӯшонидани хароҷоти корҳои тармимиест, ки дар нирӯгоҳи “Помир-1” дар пайи обхезии моҳи феврали соли гузашта анҷом шудааст. Нирӯгоҳи хусусии “Помир-1” намунаи муваффақи ҳамкории давлати Тоҷикистон бо Сандуқи рушди Оғохон ва Иттиҳодияи байналмилалии молӣ номида мешавад. Бо шарофати фаъолияти ин нирӯгоҳ сокинони Хоруғ ва рустоҳои атрофи маркази маъмурии Бадахшон дар зимистони сахти гузашта то 20 соат дар шабонарӯз бо нирӯи барқ таъмин будаанд.
XS
SM
MD
LG