Пайвандҳои дастрасӣ

Рақобат ва рафоқати Русияву Эрон дар Тоҷикистон


Рӯзи 27 ноябр, як рӯз пас аз гуфтугӯ бо раиси дастгоҳи президенти Русия Сергей Наришкин дар шаҳри Душанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дуюм дар соли равон озими Ҷумҳурии Исломии Эрон шуд.

Дар ин сафари дурӯза Эмомалӣ Раҳмонро вазирони корҳои хориҷӣ, рушди иқтисоду савдо, энергетикаву саноат, мушовирони давлатӣ, раисони кумитаҳои давлатии сармоягузориву идораи амволи давлатӣ, телевизиону радио ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Манбаъҳои расмии ҳар ду ҷониб иброз доштаанд, ки дар сӯҳбатҳои Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва вазирони корҳои хориҷиву нерӯи Ҷумҳурии исломӣ тавсеаи равобити сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, илмиву фарҳангӣ ва бархе аз масъалаҳои миқёси минтақа ва ҷаҳон баҳс мешавад.

Хабаргузории расмии ИРНО-и Эрон навиштааст, ки раҳбарони ду кишвар суръатбахшӣ ба сохтмони нерӯгоҳи барқиву обии Сангтӯда-2-ро, ки дар қаламрави Тоҷикистон бо кӯмаки Ҷумҳурии исломӣ бунёд мешавад, арзёбӣ хоҳанд кард. Ҳамчунон дар ин сафар сохтмони шабакаи қавӣ-шиддати интиқоли нерӯи барқ дар байни Тоҷикистону Эрон тавассути Афғонистон матраҳ мешавад. Шореҳи тоҷик Қосими Бекмуҳаммад мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон саъй доранд аз такрори бӯҳрони энергетикии соли гузашта бо ҳар роҳу восита ҷилавгирӣ кунанд.

Дар ҳақиқат бунёди нерӯгоҳи Сангтӯда-1, ки бо кӯмаки Русия сохта мешавад ва нерӯгоҳи Сангтӯда-2, ки бо кӯмаки Эрон сохта мешавад, мушкилиҳои зиёди Тоҷикистонро рафъ хоҳанд кард, вале ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ борҳо таъкид кардааст, ки танҳо сохтмони нерӯгоҳи барқиву обии Роғун, ниёзмандиҳои Тоҷикистон ба нерӯи барқро бароварда, бар илова имкони содироти онро фароҳам меорад. Вале то ҷое маълум шудааст, на дар мулоқоти президенти Тоҷикистон бо мақоми баландпояи Русия дар шаҳри Душанбе ва на дар нишасти Теҳрон сохтмони Роғун матраҳ намешавад. Владимир Мухин шореҳи рӯзномаи "Независимая газета" чопи Маскав дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки Русия ба содагӣ аз ширкат дар такмили Роғун даст намекашад.

Ин ақидаи шореҳи русро шореҳи тоҷик Қосими Бекмуҳаммад низ дастгирӣ мекунад. Қосими Бекмуҳаммад бо ишора ба сафари раиси дастгоҳи президенти Русия ба Тоҷикистон мегӯяд, Теҳрону Маскав дар Тоҷикистон ихтилофе надоранд. Шореҳи тоҷик сафари Ҷорҷ Крол ёвари котиби давлатӣ ё худ ёвари вазири корҳои хориҷии ИМА ба Тоҷикистонро, ки моҳи равон баргузор гашт, хотирнишон намуда, мегӯяд, Теҳрону Маскав шояд дар пайи поин бурдани аҳаммияти ин зиёрат ва аслан ҳамкориҳои Тоҷикистон бо мамолики ғарбӣ бошанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG