Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҷараёни форуми «Гуфтугӯи фарҳангҳо» дар Бишкек гуфта шуд, ки баъди касби истиқлолияти ҷамоҳири Осиёи Марказӣ сиёсати фарҳангии ин кишварҳо тағйир ёфт ва фарҳанг аз сиёсат ва иқтисоди ин ҷумҳуриҳо сахт вобаста гардид.

Ба гуфтаи ширкаткунандагони форум, аз ин лиҳоз дар гуфтугӯи фарҳангҳо ва тавсеъаи равобити устувори миёни ҷумҳуриҳо халал ворид шуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки як қишри ҷомеъаи соири кишварҳои Осиёи Марказӣ аз таҳаввулоти фарҳангӣ дар кишварҳои ҳамҷавори худ бехабар монд. Гузашта аз ин теъдоди зиёди аҳли фарҳанг, аз ҷумлаи ҳунармандони касбӣ, рассомон ва адибон тарки ватан карда, ба хориҷа рафтанд, аммо насли ҷавон дар мавриди ҳифзи баъзе анъанаҳои миллӣ ягон иқдоми тозае накард, ки бидуни иштибоҳи иштирокчиёни форум боиси ташвиш ва изтироби зиёди онҳо шудааст.

Наимҷон Ҳакимов, мудири пажӯҳишгоҳи санъатшиносии шаҳри Хуҷанд, ба радиои Озодӣ гуфт, ки форуми байнулмилалии мубодилаи фарҳангҳо ва ҳамсизтии осоишта ба сиёсати фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ бахшида шудааст ва ҳадафҳои асосии он барои худшиносии миллӣ ва ояндаи фарҳанги миллӣ равона шудааст. Вай афзуд, итминон дорад, ки Тоҷикистон сиёсати фарҳангии худро дар оянда ба кишварҳои ҳамҷавор муаррифӣ менамояд ва ин сиёсати фарҳангӣ дар рушду такомули фарҳанги халқҳои дигар саҳми худро ворид хоҳад кард.

Наимҷон Ҳакимов таъсири бӯҳрони иқтисодиву иҷтимоиро дар тамаддуни фарҳангӣ низ таъкид кард. Вай аз ҷумла гуфт, бӯҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ таъсири худро дар раванди ҳодисаҳо ҳатман мегузорад. Лекин ин чунин маънӣ нахоҳад дошт, ки Тоҷикистон сиёсати фарҳангии худро пеш намебарад. Зеро оянда ва ҳастии Тоҷикистон ин фарҳанги он аст.

Профессор Мавҷуда Юлдошева, мудири бахши ЮНЕСКО-и донишгоҳи славянии Тоҷикистон, дар ҳамин ҳол дар аксари ҷамоҳири соҳибистиқлоли Шӯравии собиқ кадрҳои малаканоки фарҳангӣ намерасанд. Хонум Юлдошева афзуд, ки маҳз кадрҳои болаёқат гуфтугӯи фарҳангҳоро раҳандозӣ мекунанд ва тавассути ин гуфтугӯҳо ба дили мардуми кишвари дигар роҳ меёбанд. Ба гуфтаи профессори тоҷик, монеъаҳои сунъӣ, ки дар ҳамин ҳол байни кишварҳо мегузоранд, самараи нек ба бор нахоҳад овард. Мавҷуда Юлдошева афзуд, ҳеҷ кас дар мавриди аз байн бурдани равобите, ки мардуми Осиёи Марказӣ онро дар тӯли қарнҳо ба даст овардааст, ноил нахоҳад шуд.

Татяна Глебова, намояндаи Туркманистон, нақши назокати сухан ва лафзи муадабонаро дар муносибатҳои байни фарҳангҳо омили хеле муҳим арзёбӣ кард. Вай ба дунболи ин афзуд, ки дар ин маврид ҷомеъаи Туркманистон таи ду соли ахир хеле пешрафт кардааст. Ба гуфтаи Гуландом Набиева, ҳамоҳангсози барномаҳои фарҳангии бунёди Сорос дар Тоҷикистон, яке аз ҷашнвораҳои фарҳангӣ, ки барои гуфтугӯи фарҳангҳо мусоидат кард, ҷашнвораи синамои «Дидор» дар Душанбешаҳр буд. Хонум Набиева гуфт, барои нахустин бор имкон даст дод, ки дар ин ҷашнвора маҳсули синамогарони ҷавони кишвараш ба маърази тамошо гузошта шавад. Вай афзуд, вале синамогарони қирғиз аз барандагони ҷоизаи асосии ин ҷашнвораи синамо гаштанд. Ба таъкиди Гуландом Набиева вай мӯътақид асъ, ки маҳз раҳандозии ин гунна ҷашнвораҳо мардуми аҳли фарҳангро ба ҳам меорад ва равобити байни онҳоро қавитар месозад.

Дар поёни форуми Бишкек пешниҳод шуд, ки энсиклопедияи фарҳангии Осиёи Марказӣ таҳия ва нашр шавад. Ба ин тиртиб намояндагони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ба чунин натиҷа расиданд, ки гуфтугӯи фарҳангҳо ва тамаддунҳо мардуми ин кишварҳоро ба ҳам хоҳад овард ва дар тавсеъаи равобити фарҳангии миёни Тоҷикистону Узбакистон, Туркманистону Қазоқистон ва Қирғизистон мусоидат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG