Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи пайгарди Додоҷон Атовуллоев дар Русия


Рӯзноманигори тоҷик Додоҷон Атовуллоев
Рӯзноманигори тоҷик Додоҷон Атовуллоев

Додситонии кулли Федератсияи Русия пайгарди рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Додоҷон Атовуллоевро манъ кардааст.

Додситонии кулли Русия дар посух ба номаи президенти Бунёди дифоъи озодии баён Алексей Симонов ва президенти ПЕН-сентри Русия Андрей Битов дар бастагӣ ба сарнавишти рӯзноманигори тоҷик гуфтааст, додситонии кулли Русия дархости додситонии кулли Тоҷикистон дар таърихи 11-уми июли соли 2001 дар бораи дастгиркунӣ ва супурдани Додоҷон Атовуллоевро рад кардааст.

Яке аз додситонҳои додситонии кулли Русия Шукина О. афзудааст, ки дар бастагӣ ба ифтитоҳи парвандаи нави ҷиноӣ дар ростои рӯзноманигор Додоҷон Атовуллоев дар Тоҷикистон шуъбаи кофтукоби вазорати дарунаи Русия гумошта шудааст, ки ба ягон амалиёт дар ин замина дар хоки Русия роҳ надиҳад.

XS
SM
MD
LG