Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Райс роҷеъ ба мушкили ифтитоҳи дафтари Теҳрон


Вазири хориҷаи Амрико Кондолиза Райс гуфт, иттихози қарор дар мавриди ифтитоҳи дафтари дипломатии Амрико дар Эрон бар ӯҳдаи маъмурияти раисиҷумҳури оянда Барак Обама меуфтад. Бону Райс гуфт, чунин қарор усулан аз ҷониби раисиҷумҳури феълӣ Ҷорҷ Буш гирифта шуда буд, аммо фурсат барои анҷоми ин кор дар айни низоъи моҳи августи миёни Русияву Гурҷистон номуносиб буд. Амрико равобити дипломатиаш бо Эронро дар пайи гаравгонгирии кормандони сафораташ дар Теҳрон дар соли 1979 қатъ кард. Як гурӯҳи донишҷӯёни тундрави эронӣ 52 амрикоиро дар сохтмони сафорати Амрико гаравгон гирифта, танҳо баъди 444 рӯз, дар соли соли 1981 онҳоро раҳо карданд.
XS
SM
MD
LG