Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи интиҳорӣ дар наздикии сафорати Амрико


Бар асари ҳамлаи маргталабона дар наздикии сафорати Амрико дар Кобул 4 ғайринизомӣ кушта ва 16 кас захмӣ шудаанд. Сухангӯи вазорати умури дохилаи Афғонистон Земарай Башарӣ гуфт, ҳамлагар, ки савори мошини бамбгузоришуда буд, вақте худро мунфаҷир кард, ки як корвони нирӯҳои хориҷӣ аз роҳ мегузашт. Мақомот мегӯянд, инфиҷор дар як маҳалли пуриздиҳом рух дод ва бисёре аз маҷрӯҳонро хешовандони онҳо ба бемористон мунтақил кардаанд ва аз ин рӯ, шумори воқеъии қурбониҳои ин ҳамла метавонад хеле бештар бошад.
XS
SM
MD
LG