Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон


Аҳмадинажод аз Раҳмон ҳар бор хуш истиқбол мекунад
Аҳмадинажод аз Раҳмон ҳар бор хуш истиқбол мекунад

Президентҳои Тоҷикистон ва Эрон, Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод пас аз мулоқот дар Теҳрон эълон карданд, ки хостори таъсиси "системи мустақили иқтисодӣ" дар минтақаи Осиёи Марказиянд.

Онҳо гуфтаанд, кишварҳои ба ҳам дӯст дар роҳи рушди равобити байниҳамӣ бояд як низоми соҳибистиқлоли иқтисодиро бунёд кунанд.

Ин эъломия дар ҳоле садо дод, ки гуфта мешавад, ду раҳбар масъалаҳои марбут ба бӯҳрони молиявии ҷаҳонро баррасӣ карданд.

Ҷаноби Аҳмадинажод дар ин нишаст ҳамчунин аз ташаббуси таъсиси як шабакаи телевизионии Эрону Тоҷикистон ёдрас шуда, гуфтааст, ин телевизион метавонад фарҳанги ғановатманди ду кишварро ба ҷаҳониён пешниҳод кунад.


Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафари худро ба Эрон субҳи 27 ноябр оғоз кард.

Раҳмонро дар ин сафар ҳайъати бузурге аз мақомоти давлат ва тоҷирону соҳибкорон ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар солҳои охир ҳамкориҳои байни Эрону Тоҷикистон рӯ ба афзоиш буда, дар бунёди нақби "Истиқлол" ва нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2" сармоя, фанноварӣ ва нерӯи кори Эрон истифода мешаванд.

Гуфта мешавад, дар ин сафар масъалаҳои ҳамкории васеътари миёни Тоҷикистон ва Эрон мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
XS
SM
MD
LG