Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаводиси як ҳафта дар оинаи матбуот


Баррасии матолиби нашрияҳои чопи Душанберо аз як матлабе дар нашрияи «Фараж» оғоз мекунем.

Ин нашрия зери унвони «Исмоилиҳои Тоҷикистон бесоҳибанд?» вазъият ва мушкилоти пайравони ин ҷараёни мазҳабӣ дар кишварро ба баррасӣ гирифтааст. Муаллифи матлаб шумори пайравони ин мазҳаб дар Тоҷикистонро беш аз 300 ҳазор арзёбӣ карда, аммо аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки ин ҷараён ва пайравони он сарвару сохтори мушаххасе надорад. Бино ба навиштаи муаллиф, дар Тоҷикистон ба ҷуз аз ҳама сохторҳои молиявию иқтисодии Шабакаҳои рушди имоми ин мазҳаб - Оғохони 4 ҳамчунин як сохтори мазҳабие он бо номи «Итрек» мавҷуд буда, ки аз кору амали он аҳли ҷамоъат воқиф нест. Ва масъулони ин сохтор ки 25-30 нафар буда, маоши хуб низ дарёфт мекардаанд, ба навиштаи муаллиф, бештар бо навиштани гузоришу ҳисоботҳои бардурӯғ машғул будаанд.

Муаллиф аз ниҳоди дигари мутааллиқ ба мазҳаби исмоилиҳо, ки роҳбарии онро президенти Академияи Улуми тоҷикистн Маҳмадшо Илолов бар ӯҳда доштааст, ёдовар шудааст, ки дар байни ҷамоъат ҳузури ӯро ҳеҷ вақт мушоҳида накардаанд. Нашрия меафзояд, президенти АУ узви ҳукумат ва номенклатураи расмии мақомоти давлатист ва омезиши раҳбарии мазҳабӣ бо фаъолиятҳои давлатӣ хилофи Қонуни асосӣ аст, ки динро аз давлат ҷудо эълон кардааст.

Дар ду сафари ахири Оғохони 4 ба Душанбе ваъдаи мулоқоти ӯро бо пайрваони ин мазҳаб дода буданд, аммо бо сабабҳои номаълум ин кор сурат нагирифт, дар ҳоле, ки ҳазорон нафар ба дидор ва мулоқот бо Имом омодагӣ гирифта буданд. Бинобар ин навишта, ин мазҳаб то кунун дар Тоҷикистон расман сабти ном нашуда ва як масҷиде ҳам надорад, ки аҳли ҷамоъат дар он намоз бигзоранд. Ба ин хотир, хулоса кардааст муаллиф, мазҳаби исмоилия дар Тоҷикистон лидери муайян надорад.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» зери сарлавҳаи «Хоҷа боғ дорад…» як матлаберо дар робита ба фаъолияти аҳзоби сиёсии кишвар ва нақши онҳо дар ҷомеъа ба нашр расонидааст. Нашрия менависад, аз 8 ҳизби сиёсии кишвар ба истиснои ду ҳизб – халқӣ-демократ ва наҳзати исломӣ - бақия аҳзоб пойгоҳи иҷтимоии қавӣ дар ҷомеъа надоранд. Бархе аз ин ҳизбҳо дар паси сояи шӯҳрати лидерони худ мондаанд. Аз мавҷудияти баъзе аз ин ҳизбҳо танҳо як гурӯҳи хурд огоҳанд. Ҳизбҳо аз васоити ахбори омма дуруст истифода намекунанд ва танҳо дар арафаи интихобот аз хоби зимистона бедор мешаванд.

Дар ҳамин ҳол нашрияи «Ҷомеа» низ тақрибан ба ҳамин мавзӯъ сӯҳбатеро бо ҷомеъашиносони тоҷик таҳти унвони «Мушкилоти ташаккули ҷомеъаи шаҳрванди дар Тоҷикистон» ба нашр расонидааст. Нашрия аз қавли ҷомеъашиносон навиштааст, ки инкишофи карахти ниҳодҳои демократии ҷомеъаи шаҳрвандӣ ба тақвияти таъсир ва нуфузи ҳокимият овардааст ва ҳоло ҳукумат ҳама хоста ва барномаҳои ҳатто камаҳамиятеро ҳамчун барномаҳои муҳими умумимиллӣ болои ҷомеъа таҳмил мекунад ва дар шароите, ки шаҳрванд пурра ба иродаи давлат мутеъ аст ва ӯ танҳо ба як объекти идорашавандаи давлат табдил шудааст, ҷомеъаи шаҳрванди ташакул нахоҳад ёфт.

«Миллат» зимни мусоҳибае бо Акбаршоҳ Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олии Тоҷикистон, ба баррасии ҳаводиси солҳои навадуми асри гузаштаи кишвар пардохтааст. Оқои Искандаров бар ин назар будааст, ки Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олии дар моҳи ноябри сли 1992 замина ва таҳкурсии бунёдкориву созандагиҳои баъдии Тоҷикистон гардидааст ва он тоҷиконро аз нав гирди ҳам овардааст. Аз ин рӯ, гуфтааст ӯ, ин иҷлосия таърихӣ ва тақдирсоз буд.

«Ҷону рӯҳи озордидагонро шод кунем» - унвони матлаби дигаре дар ин нашрия ба қалами Холмаҳмад Азимов, собиқ вакили Шӯрои Олӣ ва узви Ҳукумати Тоҷикистон, аст. Муаллиф мӯътақид аст, ки то ҳоло фоҷеъаи Тоҷикистон, яъне ҷанги шаҳрвандии солҳои навадум, бо таври расмӣ аз ҷониби Маҷлиси Миллӣ дар чорчӯбаи андешаи илмӣ баркашида ва арзёбӣ нашудааст. Ва ӯ ду пешниҳоди мушаххас ироа кардааст, ки яке бояд Маҷлиси Олии Тоҷикистон қароре ба тасвиб расонида, аз номи мардум аз Қаҳҳор Маҳкамов барои поймолшавии ҳуқуқҳояш дар гирдиҳамоии соли 1991ва барои чопи матолиби ғаразолуди матбуот узр пурсад ва дуюм дар як гӯшаи шаҳри Душанбе бо номи «Гузаргоҳи ҳақҷӯён» нимпайкараи Раҳмон Набиев ва Қадриддин Аслонов гузошта шавад.

Ва дар интиҳо як хабари варзишӣ аз нашрия «Азия плюс». Ба навиштаи ин нашрия, тими футболи «Истиқлол» қабл аз анҷоми марҳалаи мусобиқоти футболи мамлакат дар лигаи якум тавонист роҳхат ба лигаи олиро ба даст оварад. Нашрия менависад, ин тими аз ҳама ҷавони лигаи аввал дар ҳамаи мусобиқот пирӯзӣ ба даст оварда ва дар соли оянда дар лигаи олии футболи Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад. Нашрия менависад, маъруфтарин ҳамлаварони ин даста Худодйдод Нусратов бо задании 85 тӯб ва Рустами Эмомалӣ - писари президенти кишвар бо 32 тӯб ин пирӯзиро ба дастаи худ таъмин кардаанд.

XS
SM
MD
LG