Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳури тозаинтихоби Амрико Барак Обама барои раҳоӣ аз бӯҳрон Шӯрои маслиҳати эҳёи иқтисодиёт дар Амрикоро таъсис дод.

Дар камаш ду ҳафтаи охир Обама асосан машғули интихоби афрод ба мақомоти калидӣ дар ҳукумати нав аст ва тавре мебинем, дар ҳоли ҳозир асосан ба масъалаҳои иқтисодии Амрико таваҷҷӯҳ мекунад. Аммо ба ғайр аз таъини афрод ба мақомҳои муҳим, оё ҳарфе, сухане аз барномаи иқтисодии Обама ва ҳукумати нави Амрико садо додааст? Бо ин пурсиш ба хабарнигори радиои Озодӣ дар Ню Йорк Латифи Латифӣ муроҷиат мекунем.

Посух: Дар ҳақиқат ҳам раисиҷумҳури тозаинтихоби Амрико Барак Обама чанд рузи охирро ба интихоби афрод ба мақомҳои ассосии ҳукуматаш бахшидааст ва ағлаби ин афрод баъд аз ба сари қудрат омдани Обама бо масалаҳои марбут ба иқтисод ва низоми молии кишвар машғул хоҳанд шуд. Аммо тарҳи иқтисодии Обама ба пуррагӣ мушаххас нашудааст, ҳарчанд зимни суханрониҳо ва нишастҳои матбуъотии ҳафтаи гузашта ва ҷорӣ вай гуфт қасд дорад 2 миллиону 500 ҳазор ҷоий кории нав ташкил диҳад. Як бахши дигари тарҳи иқтисодии Обама ин афзоиши молиёт, кам кардани харҷи ҳукумат ва лағви барномаҳои иштибоҳӣ ё нокоми давлат аст. Барои ин вай Шӯрои машваратии эҳёи иқтисодӣ таъсис дод ва собиқ раиси Бонки марказӣ Пол Волчерро ба мақоми раиси он пешбари кард. Аустан Галсби ки дер боз мушовири Обама аст раиси бахши таъини кормандони ин ниҳод баргузида шуд. Тавре ки хабар дода будем Питер Орсзаг ки феълан сарварии дафтари будҷаи Конгрессро ба зимма дорад дар ҳукумати Обама идораи будҷаи Кохи сафедро ба ӯҳда мегирад ва Роб Наборс ки дар ҳукумати Бил Клинтон дар ин ниҳод кор мекард муовини Орсзаг хоҳад шуд. Обама эълом намуд ки кушишҳои охири Бонки марказиро дастгири мекунад ва талошҳои ин ниҳодро барои дубора имконпазир кардани ихтисоси вомҳоро муҳим мешуморад.

Пурсиш: Назари коршиносон чист, оё дар интихоби аъзои ояндаи ҳукумат, ба вижа дар масъалаҳои иқтисодӣ, меъёрҳои гузиниш чистанд ва аз рӯи кадом маҳак Обама ин афродро ба ҳукумати нав интихоб кардааст?

Посух: Коршиносон мегӯянд иқтисоди кишвар дар вазъи бисёр сангин аст ва дар айни замон барои гузаронидани тахқиқотҳои илми фурсат боқи намондааст ва ба ҳамин хотир Обма ру ба афроде таҷрибанок ва собиқадор овардааст. Тавре ки гуфта будем ҳамаи ин афрод дар ин ё он замон дар ниҳодҳои мухталифи калидии давлати ифои вазифа мекарданд ва механизмҳои иқтисоди ва молиро хуб омухтаанд.

Пурсиш: Дар маъракаи таблиғотияш Обама мегуфт, насли нав ва андешаи навро ба Кохи Сафед хоҳад овард, аммо то ҳол асосан онҳоеро ба мақомоти аслии давлат баргузидааст, ки дар гузашта дар Кохи сафед кор кардаанд. Ин ҳол оё сабаби ноқаноатмандии тарафдорони Обама ва махсусан ҷавонон нашудааст?

Посух: Барои баровардани хулосаҳо ҳоло вақт нарасидааст дар ҳоле ки Обама то ҳол ҳатто ба иҷрои вазифааш шуру накардааст. Он ҷавононе ки мо бо онҳо суҳбат доштем мегуянд мунтазири 20 январанд ва умедашонро аз раисиҷумҳури нав накандаанд.

Пурсиш:
Ва дар ҳоле ки то ҳанӯз барномаи рӯшану возеҳи Обама барои наҷот аз пасрафти иқтисодӣ ва бӯҳрони молӣ эълон нашудааст, мардум дар бораи ояндаи кори ӯ чигуна изҳори назар мекунанд?

Посух: Обама баъд аз интихобшавиаш гуфта буд ки то ваколатҳои раисиҷумҳури кунунӣ Ҷорҷ Буш ба итмом нарасидаанд Буш сарвари ягонаи Амрико боқи мемонад бо вуҷуди ин ба ақидаи мардуми кишвар таваҷҷуҳи хосаи Обама ба масалаҳои иқтисодӣ ва ташкили гуруҳи мушовирони иқтисодӣ нишон дод ки вай ба кори наваш ҷиддан омодагӣ мегирад. Аммо аз ҳама муҳимаш Обама паёми интихоботии худро фаромӯш накардааст. Ин паёми умед ба ояндаи беҳтар буд. Ва имрӯз Обама боз такрор кард, ки дигаргуниҳо дар роҳанд ва кӯмак низ дар роҳ ба суи мардум аст. Вай афзуд, мардуми кишвараш чунин бӯҳрон ва сахтиҳоро аз сар гузарондаанд ва ҳукумати ӯ иқтисодиётро аз нав ба роҳ хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG