Пайвандҳои дастрасӣ

Шумораи кушташудагон дар Мумбай ба 80 нафар расид


Бар асари силсилаи ҳамлаҳо дар Мумбайи Ҳиндустон тақрибан 80 нафар кушта ва зиёда аз 200 нафар захмӣ шудаанд. Афроди мусаллаҳ бо силоҳи автоматӣ ва норинҷакҳо ба меҳмонсароҳо, бемористон ва пойгоҳҳои роҳаи оҳан ҳамла карданд. Полис бо онҳо даргир буда, мегӯяд, гурӯҳе аз мусаллаҳон дар ду меҳмонсарои машҳур ва як бемористон афродеро гаравгон гирифтааст. Чаҳор мусаллаҳ дар даргириҳо кушта ва нӯҳ гумонбаршуда боздошт шудаанд. Ҳамчунин 11 корманди полис ба ҳалокат расидаанд. Як гурӯҳи начандон шинохташудаи Деккан Муҷоҳидин масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтааст. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, мусаллаҳон шаҳрвандони Бритониё ва Амрикоро ҳадаф мегиранд.
XS
SM
MD
LG