Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи Додситонии Русия дар бораи Д.Атовулло


Додситонии кулли Русия дар посух ба дархости раиси Бунёди дифоъ аз ошкорбаёнӣ Алексей Симонов ва раиси Пен-Сентри Русия Андрей Битов гуфтааст, рӯзи 11-уми июли соли 2001 додситонии Русия ба дархости мақомоти Тоҷикистон дар бораи ҳабс ва истирдоди журналист ва сиёсатмадор, сардабири "Чароғи рӯз" ва раиси ҷумбиши "Ватандор" Додоҷони Атовулло посухи рад додааст. Дар ҳоли ҳозир ҳеҷ гуна дархости нави мақомоти Тоҷикистон ба Маскав нарасидааст ва ба Вазорати умури дохилии Русия супориш шудааст, ки ба ҳеҷ гуна амалиёти ҷустуҷӯ ва боздошти ҷаноби Атовулло дар ҳудуди Русия иҷоза дода нашавад. Қаблан хабар расида буд, ки мақомоти Тоҷикистон дар пайи боздошт ва истирдоди ҷаноби Атовулло ба ватанаш мебошанд. 22-юми сентябри соли 2008 додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ба муқобили Атовулло парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба зудӣ ӯ боздошт ва ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад. Ин эъломия ва хабари сафари ҳайати вижа ба Маскав сабаб гаштанд, ки ҷаноби Атовулло ба Олмон ва аз он ҷо ба Фаронса ҳиҷрат кунад.
XS
SM
MD
LG