Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари Дабири кулли НАТО ба Афғонистон


Имрӯз дар Кобул, дар мулоқоти раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ва Дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ, Яап де Ҳуп Схеффер вазъи амниятии Афғонистон ва дурнамои ҷанги зидди терроризм дар ин кишвар баррасӣ хоҳанд шуд. Сафари Схеффер ба Кобул бидуни эълони пешакӣ сурат мегирад ва ҳам дар ҳоле ки як ҳайати бонуфуз аз Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид низ талош дорад бо вазъи кишвар аз наздик ошно гардад. Карзай ба хабарнигорон гуфт, дар дидори ӯ бо Схеффер ҳамчунин кӯмаки байнулмилалӣ ба таълим ва тарбияи нерӯҳои амниятии Афғонистон низ баҳс хоҳад шуд. НАТО ба нерӯҳои эътилофии иборат аз 51 ҳазор сарбоз дар Афғонистон раҳбарӣ мекунад, ки бо ошӯби афзояндаи Толибон мувоҷеҳ мебошанд.
XS
SM
MD
LG