Пайвандҳои дастрасӣ

5000 сентрифугаи ғанигардонии уран дар Эрон


Як мансабдори баландпояи Эрон мегӯяд, ки феълан дар Ҷумҳурии исломӣ 5000 сентрифугаи ғанигардонии уран фаъол мебошанд. Ин изҳороти Ғуломризо Оқозода раиси муассисаи нерӯи ҳаставии Эрон ишора ба он аст, ки Теҳрон дар паи тавсеаи барномаи ҳаставиаш аст.

Кишварҳои ғарбӣ хавф доранд, ки ҳадафи пинҳонии барномаи ҳаставии Эрон тавлиди силоҳи ҳаставӣ мебошад.

Моҳи равон Агентии байналмилалии нерӯи ҳаставӣ: бунгоҳи ҳаставии СММ, изҳор намуда буд, ки дар Эрон 3800 сентрифуга фаъол буда, 2200 чархаи дигар дар ҳоли насб мебошанд. Эрон таъкид мекунад, ки ҳадаф аз барномаи ҳаставии ин кишвар тавлиди нерӯи барқ аст ва бо ин роҳ Ҷумҳурии исломӣ имкон хоҳад ёфт, нафту гази бештар содир намояд.
XS
SM
MD
LG