Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Донишмандони тоҷик нармафзори компютерии баргардонандаи навъ матни сириллики тоҷикӣ ба хатти форсиро офариданд

Ин нармафзорро донишмандон аз Пажӯҳишгоҳи математика ва Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон меофаранд ва онҳо умедворанд ба зудӣ барномаи онҳо такмил хоҳад шуд. Доир ба ин барнома хабарнигори Радиои Озодӣ бо яке аз раҳбарони тарҳи мазкур, академики тоҷик Зафар Усмонов аз Фарҳангистони улум сӯҳбат кард:

«- Мо барои сохтани ин барнома тақрибан чаҳор моҳ сарф кардем. Ин барномаи компютерӣ ҳоло метавонад матни тоҷикӣ бо ҳуруфи сирриликро бо дурустии 83 дар сад ба хатти форсӣ баргардонад. Яъне, дақиқии кори барнома 83 дар садро ташкил медиҳад. Барномаро дар шӯъбаи улуми иҷтимоии Фарҳангистони улум озмоиш карданд. Раҳбари шӯъба Муҳаммад Хоҷаев худаш барномаро озмоиш кард, матнро худаш навишт ва дид, ки чӣ гуна компютер онро ба хатти форсӣ баргардон мекунад. Мутахассиси варзидаи дигар, забоншинос Додихудо Саймуддинов, ки узви гурӯҳ аст, сари ин барнома кор кард. Худи барномаро донишмандон Леонид Грашенко ва Алексей Фомин месозанд. Мо раҳбарони ин тарҳ ҳастем.»

Шумо гуфтед, ки дақиқии кори барнома 83 дар садро ташкил медиҳад. Имкони мукаммалтар кардани он вуҷуд надорад, ки ҳангоми баргардони матнҳо аз сирриллик ба хати форсӣ иштибоҳи камтар кунад?

«- Беҳтар кардани баргардонии матни сириллик ба хати форсӣ аз роҳи ғанӣ кардани луғати барномаи компютерӣ ба даст меояд. Бахши назариявии он, яъне грамматика, шеваи баргардон, усулҳои инъикоси як матн дар матни дигар анҷом шудааст. Беҳтару дақиқтар кардани кори барнома аз захираи луғавии барнома вобаста аст. Ба захираи луғавии барнома метавон шумораи зиёди калимаҳоро ворид кард, аз ҷумла калимоти арабиро, ки 15 дар сади захираҳои луғавии забони тоҷикиро ташкил медиҳад. Хатоҳо ҳангоми баргардони матн дар он калимаҳое рух медиҳад, ки ба забони форсӣ дар Эрон аз забони англисӣ ворид шудаанд ва ба забони тоҷикӣ аз забони русӣ. Мо ҳоло дар ин марҳала кор мекунем ва дар ҷараёни ду-се моҳи оянда мехоҳем захираи луғавии барномаро зиёд карда ва дақиқии баргардони онро ба 95 дар сад бирасонем. Аммо аҷиб аст, ки ҳоло дар захираи луғавии барномаи компютерӣ калимаҳои зиёде ворид карда нашудааст, дар он танҳо 270 калима вуҷуд дорад.»

Шеваи кори ин барномаро шарҳ бидиҳед, луфтан.

«-Барнома чунин кор мекунад. Калимаро интихоб намуда ва таҳлил мекунад, ки тоҷикист, форсист ва ё арабӣ. Баъди таҳлил, бо назарияи хоси баргардон ва онро ба хатти дигар табдил медиҳад. Калимаи форсиро ба усули дигар, тоҷикиро ба усули дигар ва арабиро ба усули дигар баргардон мекунад. Ва баргардон ҳам бо сифати хуб сурат мегирад. Баргардони калимаҳои тоҷикӣ бо ҳуруфи сириллик чунин сурат мегирад, ки аввал калима ба префикс, реша ва постфикс тақсим мешавад. Дар забони тоҷикӣ 150 префикс вуҷуд доштааст, ки дар хотираи барномаи компютерӣ ҳаст. Постфиксҳо дар забони тоҷикӣ 400 ададро ташкил медиҳанд, ки онҳоро ҳам дар хотираи барнома ворид кардаем. Ин префиксу постфиксҳо мафҳумҳои техникианд, ки дар барномаҳои компютерӣ истифода мешаванд. Ҳамин гуна, вақти баргардони матн компютер дар сурати иштибоҳ будани калима мисли барномаи Word зери он калимаи нодуруст хат мекашад, агар дуруст бошад на.»

Ва ин барнома барои ҳама дастрас хоҳад буд, масалан, аз тариқи интернет ва ё он баъди такмил ва иҷоза гирифтан фурӯхта мешавад?

«- Мутаассифона, солҳои зиёде, ки ман аз ҳукумат барои маблағгузорӣ ба арсаи ворид кардани забони тоҷикӣ ба фанновариҳои иттилоотӣ дархостҳо кардам, вале мушовирони ҳукумат гуфтанд, ки бар асоси барномаҳои тиҷоратӣ кор кунед. Аз ин хотир, барномаи компютерии мо барои тиҷорат хоҳад буд, вале на барои ҳама. Дар марҳилаи феълӣ мо тахмин мекунем, ки як марказе таъсис мешавад, ки матнҳоро баргардон хоҳад кард. Яъне, мардум бо матнҳои худ ба мо муроҷиат мекунанд, ягон кӯмаки молӣ мерасонанд ва дар иваз матни баргардоншударо мегиранд.»

Ба фикри шумо, ин барномаи компютерӣ дар ошноӣ пайдо кардани масалан мардум ва ё донишмандони эронӣ ва ё афғон бо фарҳангу илми Тоҷикистон, ки дар муддати тақрибан як аср ба хати сириллик чоп шудааст, чӣ қадр мусоидат мекунад.

«- Нахуст, ба андешаи ман, дар Тоҷикистон афроде, ки ба қадри кофӣ ҳуруфи форсиро балад бошанд, кам ҳастанд. Вале онҳо ба табодули фарҳангӣ ниёз доранд. Масалан, бисёриҳо смс ва ё имейлро бо ҳуруфи лотинӣ менависанд ва онҳо метавонанд аз ин барнома истифода кунанд. Ҳоло табдили матнҳои тоҷикӣ ба форсӣ зиёд мешавад. Ба андешаи ман, он барномае, ки мо месозем, имкон медиҳад, ки мероси фарҳангии тоҷикон дар замони Шӯравии собиқ, ки бо хати сириллик ва барои мутахассисони эронии мо дастнорас буд, дастрас шавад. Бо хоҳиши онҳо мо метавонем, матнҳои солҳои гузаштаро ба форсӣ баргардон кунем. Ба ғайр аз ин, созмонҳои ҳукуматӣ ва афроди алоҳида метавонанд ба осонӣ матнҳои худро ба хати форсӣ баргардонанд. Ин марҳилаи аввали кори мост, ки умедворем, то се моҳи дигар ба анҷом мерасад. Марҳилаи баъдӣ марҳилаи душвортарест, ки он ҳам кор бар сари барномаи табдили матнҳо бо хатти форсӣ ба матни сириллик аст.»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG