Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳи артиши Таиланд аз силоҳ кор нагирифт


Баъди ишғоли фурудгоҳи марказии шаҳри Бангкок аз тарафи эътирозгарон фармондеҳи артиши Таиланд аз ҳукумат даъват кард, ки Маҷлиси қонунгузори ин кишварро пароканда намуда, интихоботи нави вакилони мардумиро ташкил кунад.

Дар нишасти матбуотӣ дар пойтахти Таиланд Анупонг Паочинда аз эътирозгарон тақозо кард, ки аз фурудгоҳ хориҷ шаванд.

Ҳамзамон номбурда афзуд, ки низомиён табаддулоти давлатӣ накардаанду қудрат дар дасти ҳукумат аст.
XS
SM
MD
LG