Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баргардони сириллик ба форсӣ


Дар ин шумораи маҷаллаи Илм ва Фанноварии Радиои Озодӣ оид ба дастрасии ҷавонони тоҷик ба интернет сӯҳбат мекунем ва ҳамчунин доир ба таъсири интернет дар тағйири ҷаҳонбинии онҳо. Дигар сӯҳбати барнома ҳам дар мавриди фанновариҳои иттилоотӣ аст ва доир ба офаридани барномаи компютерие, ки матнҳои тоҷикӣ бо ҳуруфи кириллӣ ва ё сириликро ба хатти форсӣ бармегардонад.

Дар як гузориши тозае доир ба корбарӣ аз Интернет омадааст, ки ҷавонони Амрико, ки пешрафтатарин кишвари ҷаҳон маҳсуб мешавад, назар ба ҳамсолонашон дар Ҷумҳурии Чех, Канада ва Бритониё ба Интернет камтар дастрасӣ доранд. Агар дар Бритониё 100 дар сади ҷавонон ва наврасони аз 12 то 14 сола аз Интернет истифода мекардаанд, дар Амрико ин рақам 88 дар садро ташкил медодааст.

Ҳарчанд дар Тоҷикистон аз Интернет ба таври фарогир истифода намекунанд, аммо солҳои ахир корбарӣ аз он вусъат мегирад. Сари ин мавзӯъ сӯҳбате доштам бо Муҳаммадӣ Ибодуллоев, намояндаи Бунёди ғайриҳукуматии ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет дар шаҳри Душанбе, ки ин созмон барномаҳои зиёдеро дар ин самт иҷро мекунад. Сӯҳбати оқои Ибодуллоевро бо пахши рамзи радио дар кунҷи рости болоии ин сафҳа метавонед гӯш бикунед.

--------------------------------------------------------------------------------------------

Тавре дар хабарҳо ҳам шунидем, донишмандони тоҷик нармафзори компютериеро офаридаанд, ки дар зарфи чанд сония ҳар навъ матни тоҷикии бо ҳуруфи сирилликро ба хатти форсӣ бармегардонад. Ин нармафзорро донишмандон аз Пажӯҳишгоҳи математика ва Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон меофаранд ва онҳо умедворанд ба зудӣ барномаи онҳо такмил хоҳад шуд.

Доир ба ин барнома сӯҳбате доштам бо яке аз раҳбарони тарҳи мазкур академики тоҷик Зафар Усмонов аз Фарҳангистони улум ва нахуст аз ӯ пурсидам, ки офаридани нармафзор, ки коре сахтест, дар муддати чанд моҳ ба онҳо муяссар шуд. Посухи академик Усмоновро ба ин суол ва суолҳои дигар аз ин барнома метавонед бишнавед.

Вобаста

XS
SM
MD
LG