Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон: шарики стротежӣ ё фарзанди ӯгай?


Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, Душанберо дар муносиботаш бо Маскав ба кӯре монанд мекунад, ки асояшро чанд дафъа гум кардааст, вале боз ҳам сарсахтона аз ҳамон роҳи қадим қадам задаву беш аз ҳама рӯи Маскав ҳисоб мекунад.

Таҳлилгари тоҷик мегӯяд, аз Тоҷикистон генералҳои рус бештар дидан мекунанд, дар ҳоле ки ҳам мақомот ва ҳам маҳофили Тоҷикистон бештар хоҳони дидори бонкирҳои русанд.

Аммо ҳатто саҳнаи ҳамкориҳои низомиву фаннии Тоҷикистону Русия, ба хусус дар солҳои ахир, холӣ аз мушкил набудааст. Тоҷикистон дар 5 соли пеш нерӯҳои марзбонии Русияро дар марзҳояш бо Афғонистон бо марзбонони тоҷик иваз кард, ки аз ҷониби Маскав бо дард қабул шуд. Баъдан Тоҷикистон пойгоҳи низомии Русияро, ки дар қалби пойтахташ макон дошт, ба як канораи Душанбе кӯчонд ва дар мақарри қаблии ин пойгоҳ Қасри Миллат сохт.

Музокироти Душанбеву Маскав бар сари фурудгоҳи низомии Айнӣ, дар 15-километрии ғарби пойтахти Тоҷикистон, низ инак соли шашум аст, ки ба натиҷаи мушаххасе намерасад.

Дар ҳоле ки ин пойгоҳи ҳавоӣ бар пояи 20 миллион доллар сармоягузории давлати Ҳинд бозсозӣ шудааст, Русия мехоҳад онро ба иҷора бигирад. Дар тобистони имсол вақте вазири дифоъи Русия Анатолий Сердюков дар Душанбе дар робита ба пойгоҳи Айнӣ вожаи “иҷора”-ро ба забон овард, ҳамтои тоҷикаш Шералӣ Хайруллоев ӯро зуд ислоҳ кард, ки сухан дар бораи “истифодаи муштараки фурудгоҳи Айнист, на иҷора”.

Ва аммо бештар аз ҳама Душанбеву Маскав дар соҳоти ҳамкориҳои иқтисодӣ мушкил доранд. Тоҷикистон, ки тақрибан дар тамоми тӯли истиқлолаш ба буҳрони шадиди энержӣ рӯбарӯст, ин ҳама сол ба дасти ёрии Русия дар эҳдоси тарҳҳои бузурги энержиаш умед мебандад. Аз ҷумла дар мавриди бунёди нерӯгоҳи бузурги Роғун.

Душанбеву Маскав бори аввал дар соли 1994 ҷиҳати эҳдоси ин нрӯгоҳ қарордод бастанд, ки ба иҷро нарасид. Созишномаи дувум дар ин замина соли 2004 миёни давлати Тоҷикистон ва ширкати “Русский Алюминий” имзо шуд, ки то чанд муддати дигар мақомот ва маҳофилро дар Душанбе ба сарозер шудани сармояҳои ҷиддии русӣ ба иқтисоди Тоҷикистон умедвор кард. Аммо ихтилофи назари байни Душанбе ва “РусАл” дар ниҳоят масъаларо ба як ҷанҷоли бузург ва ба шармсорӣ кашонида, мунҷар ба ронда шудани ширкати русӣ аз Тоҷикистон шуд.

Дар Душанбе дар робита ба мавзӯъи Роғун ангушти иттиҳом ба сӯи Тошканд баланд мекунанд ва мегӯянд, ки аз Ғарб дилсард шуда, бо Маскав қаробати бештар пайдо кардани Тошканд дар пайи рӯйдодҳои хунини Андиҷон Тоҷикистонро дар назари Маскав дигарбора “фарзанди ӯгай” кардааст.

Артём Улумиён, таҳлилгари масоили сиёсӣ ва иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар Пажӯҳишгоҳи таърихи Русия, мегӯяд, Маскав маҷбур аст сиёсатҳояш дар минтақаро бо дарназардошти равобити аксаран танишолуда ва гоҳе пурҷанҷоли миёни Душанбеву Тошканд пиёда кунад. Ба эътиқоди Улумиён, Тоҷикистон шарики стротежии Русия дар минтақа ҳаст, вале танҳо шарики Русия дар ин саҳна нест: «Ба дунболи хурӯҷи Узбакистон аз созмони хеле муҳимми «ЕврАзЭС», аз як сӯ, ва тақвияти муносиботи Узбакистон бо ҷомиъаи Авро-Атлантик, аз сӯи дигар, нақши Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии Русия, албатта, бештар мешавад. Ман фикр намекунам, ки Русия бояд аз Тоҷикистон биравад. Русия баръакс талош хоҳад кард, то дар онҷо бимонад. Аммо инки иқдомоти Маскав то куҷо муассир хоҳанд буд, масъалаи дигар аст».

Таҳлилгарони тоҷик низ бар инанд, ки хурӯҷи Узбакистон аз Созмони ҳамкориҳои Авросиё коҳиши нуфуз ва таъсири омили Тошканд дар равобити Душанбе бо Маскавро дар пай хоҳад дошт ва акнун метавон умедвори беҳбуди ин ҳамкориҳо шуд.

Аммо Алишер Илҳомов, корманди Маркази мутолиъоти Африқо ва Шарқ дар Донишкадаи Лондон, нақши омили Тошканд дар додугирифтҳои миёни Душанбеву Маскавро зиёд муассир ва, гузашта аз он, ҳаллкунанда намеҳисобад. Ин таҳлилгари узбак мегӯяд, як далели аз «ЕврАзЭС» берун рафтани Узбакистон ҳам ин буд, ки Тошканд бо истифода аз узвияташ дар ин созмон натавонист Тоҷикистону Қирғизистонро моил кунад, то мавриди бунёди нерӯгоҳҳо бар фарози рӯдхонаҳои худ назари кишварҳои ба истилоҳ “поёноб”-и минтақаро (аз ҷумла Узбакистонро) ба инобат бигиранд.

Буҳрони фарорасидаи саросарии молӣ, ки дасти то кунун аз фоидаҳои ҳангуфти нафту газ хеле дарозшудаи Маскавро кӯтоҳ мекунад. Кӯтоҳдастии Маскав ба навбаи худ, ба гуфтаи доктор Улумиён, метавонад мунҷар ба эҷоди ихлол дар роҳи иҷрои барномаҳои иқтисодии Русия, аз ҷумла дар Тоҷикистон, шавад.

А. Муҳаммадазимов мегӯяд, Тоҷикистон, албатта, маҷбур аст дар соҳоти амниятиву низомӣ ба ҳамкориҳояш бо Русия ба ҳамон сурате, ки ҳаст, идома диҳад, вале дасти кӯтоҳшудаи ёриҳои Маскав дар ниҳоят боъис мешавад, ки Душанбе ба сиёсати “дарҳои боз”-аш, ки ҳанӯз дар авоили ҳазораи нав эълон карда буд, аҳаммияти бештаре қоил шавад ва дарҳояшро ба рӯи шумори зиёдтари кишварҳо боз кунад. Ва на фақат ба рӯи танҳо Русия.

XS
SM
MD
LG