Пайвандҳои дастрасӣ

Эъдоми дастаҷамъии 10 нафар дар Эрон


Дар зиндони Эвини Теҳрон 9 мард ва 1 зани эрониро, ки бо ҷурми куштор бандӣ шуда буданд, эъдом намуданд.

Мақомоти эронии масъули эъдом мегӯянд, "зан шавҳари муваққатиашро кушта, сипас пора-пора кардааст. Баъзе гурӯҳҳои эронии ҳомии ҳуқуқи башар мегӯянд, зани мазкур шавҳарашро ба хотири таҷовуз ба номуси духтараш ба қатл расондааст. Дар Эрон издивоҷи муваққати зану мард иҷозат дода шудааст.

Созмони ҳомии ҳуқуқи башар Amnesty International ва ё Афви Байналмилал мегӯяд, соли 2007-ум дар Эрон 317 нафар эъдом шудаанд. Аз ин бештар фақат дар Чин ҳукми эъдом содир ва иҷро шудааст.

XS
SM
MD
LG