Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Афғонистон 25 ҷангҷӯй ба қатл расиданд


Эътилофи байналмилалии зери раҳбарии ИМА мегӯяд, ки бар асари чанд бархӯрди ҷудогона дар ҷануб ва шарқи Афғонистон 25 силоҳбадасти эҳтимолан марбут бо Толибон ба қатл расиданд.

Имрӯз дар натиҷаи як ҳамла дар вилояти ҷанубии Қандаҳор 15 ҷангҷӯй ба ҳалокат расиданд. Дирӯз бошад, 5 ҷангҷӯй дар вилояти ҷанубу шарқии Пактиё ва 5 нафари дигар дар вилояти Пактикои ҳамсояи Пактиё кушта шуданд.

Соли равон дар натиҷаи бархӯрдҳои мусаллаҳона 4000 нафар, асосан ҷангҷӯён ба қатл расидаанд. Вале дар байни кушташудагон беш аз 200 нафар сарбозони хориҷӣ ва афсарони амниятии Афғонистон мебошанд.
XS
SM
MD
LG