Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Чех аз Созиши Лисабон пуштибонӣ кард


Додгоҳи олии Ҷумҳурии Чех ҳукм баровард, ки созиши Лисабон ба сарқонуни ин кишвар мухолифат надорад. Ин санад раванди қабули қарорҳои Иттиҳодияи Аврупоро ба назм медарорад. Ҳукми додгоҳи қонуни асосии Ҷумҳурии Чех охирин монеа дар тасвиби Созиши Лисабон аз тарафи вакилони мардумии Чехияро аз байн мебарад. Моҳи январ Чехия раёсати нимсолаи Иттиҳодияи Аврупоро бар дӯш мегирад.

Президенти ин кишвар Ватслав Клаус, ки мухолифи созиши Лисабон мебошад, рӯзи сешанбе ба додгоҳ гуфт, ин санад мухолифи усули соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Чех аст. Ҷумҳурии Чех охирин узви Иттиҳодияи Аврупост, ки то кунун дар бораи Созиши Лисабон "ҳа"ва ё "не"нагуфтаст.

XS
SM
MD
LG